Ҳинд: Афғонистон барои бадастовардани эътимоди аз даст рафтаи худ ба замон ниёз дорад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Индии Субраманьям Джайшанкар
Министр иностранных дел Индии Субраманьям Джайшанкар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Ҳинд мегӯяд, ки барои бадастовардани эътимоди аз даст рафтаи Афғонистон ва барқарори иртиботи сиёсӣ бо ин кишвр замон лозим аст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Барои бадаст овардани эътимоди аз даст рафтаи Афғонистон ва ҳамчунин иртиботи сиёсӣ ва фаъол кардани сафорати Ҳинд дар Афғонистон ба замон ниёз дорад, мегӯяд вазири хориҷа Ҳинд Ҷайшанкар Субраманям, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Ҷайшанкар ҳамчунин ахиран гуфтааст, ки то замоне, ки мушкилоти мавҷуда ҳал нашавад Ҳинд наметавонад дар бахшҳои мухталиф бо Афғонистон иртибот барқарор кунад.
Бо онки шуморе аз дипломатҳои Ҳинд ба манзури ҳамоҳангӣ кумакҳои башарӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, аммо Деҳлӣ то ҳануз сифорати худро дар Кобул расман бозгушоӣ накардааст.
Вазири хориҷаи Ҳинд дар суҳбатҳои худ ба масоили террористӣ ишора карда мегӯяд, ки дар асари талошҳои Ҳинд ҳоло дунё низ ба ин натиҷа расидаанд, ки Покистони бузургтарин кишвари ҳомии терроризм дар ҷаҳон мебошад.
Министр обороны Индии Раджнатх Сингх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Вазири дифои Ҳинд: Хоки Афғонистон набояд барои ҳамла ба дигар кишварҳо истифода шавад
Ёдовар мешавем, чанде пеш вазири дифои Ҳинд ахиран гуфта буд, ки набояд аз қаламрави мустақили Афғонистон барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад.
Ҳинд аз кишварҳои узви СҲШ хост, ки мақомҳои сарпарасти Афғонистонро ба мусолиҳаи миллӣ ва эҷоди ҳукумати фарогир ташвиқ кунанд.
Ражнатх Сингх, вазири дифои Ҳинд бо тавваҷуҳ ба тасаллути толибон бар манотиқ ҷангзада бар ҳимояти Ҳинд аз Афғонистон "ором, амн ва босубот" таъкид кард.
Вай афзуд, ки бо фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн ва омӯзиш ба террористҳо ва ҳимоят аз фаъолиятҳои онҳо аз тариқи кумакҳои молӣ аз хоки Афғонистон набояд барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад.
Лентаи хабарҳо
0