Вазири дифои Ҳинд: Хоки Афғонистон набояд барои ҳамла ба дигар кишварҳо истифода шавад

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны Индии Раджнатх Сингх
Министр обороны Индии Раджнатх Сингх - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Вазири дифои Ҳинд ахиран гуфтааст, ки набояд аз қаламрави мустақили Афғонистон барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҳинд аз кишварҳои узвиСҲШ хост, ки мақомҳои сарпарасти Афғонистонро ба мусолиҳаи миллӣ ва эҷоди ҳукумати фарогир ташвиқ кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаи “Ҳашти субҳ”.
Ражнатх Сингх, вазири дифои Ҳинд дар ҷараёни суханрониаш дар нишасти вазирони дифо дар бисту чаҳорумин ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои шанхай дар Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон, бо тавваҷуҳ ба тасаллути толибон бар манотиқ ҷангзада бар ҳимояти Ҳинд аз Афғонистон "ором, амн ва босубот" таъкид кард.
Вай афзуд, ки бо фароҳам кардани паноҳгоҳҳои амн ва омӯзиш ба терруристҳо ва ҳимоят аз фаъолиятҳои онҳо аз тариқи кумакҳои молӣ аз хоки Афғонистон набояд барои ҳамла ба кишварҳои дигар истифода шавад.
Афғонистон то ба қудрат расидани толибон ва баъд аз он: аксҳо
1/7

Аксҳои занон дар назди як толори зебоӣ дар Кобул

Ёдовар мешавем, ки пештар мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шуроҳои амнияти ҳафт кишвари минтақа, Русия, ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар эъломияи ниҳоии нишасти Ҳинд бар зарурати як ҳукумати ошкоро ва фарогир таъкид карда буданд, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст.
Кишварҳои минтақа дар ҳоле ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид мекунанд, ки то ҳол ҳеҷ давлате ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
Бояд қайд кард, ки яке аз шартҳои асосии эътирофи байналмилалии толибон, ки аз ҷониби СММ пешниҳод шудааст, маҳз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. Аз миёни давлатҳои минтақа Тоҷикистон аввалин шуда, ба зарурияти ташкили чунин ҳукумат таъкид карда буд. Ин даъват аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар чанде аз ҳамоишу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар саммитҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ва дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ садо дод.
Дар интизори нони гарм: ҳоли зори мардуми Афғонистон - акс
1/8

Талоши одамон барои гирифтани нон дар Кобул, 31 январи соли 2022.

Ёдовар мешавем, Созмони ҳамкории шанхаии як созмони АвруОсёист, ки ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии байни ҳашт кишвари узв ва чаҳор кишвар нозираст.
Русия, Чин, Ҳинд ва Покистон аз ҷумлаи аъзои ин созмонанд ва Афғонистон дар он нозир мебошад.
Лентаи хабарҳо
0