https://sputnik.tj/20221003/maqomot-dusti-omuzgor-zamini-nazdihavligi-taqdim-1051847188.html
Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба 30 омӯзгор замини наздиҳавлигӣ тақдим карданд
Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба 30 омӯзгор замини наздиҳавлигӣ тақдим карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати маорифи вилояти Хатлон эълон карааст, ки дар ноҳияи Дӯстӣ 30 нафар омӯзгор соҳиби Сертификати замини наздиҳавлигӣ гардиданд
2022-10-03T22:00+0500
2022-10-03T22:00+0500
2022-10-03T22:00+0500
дар тоҷикистон
замин
омӯзгор
тақдим
наздиҳавлигӣ
дӯстӣ
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1044001341_0:181:1920:1261_1920x0_80_0_0_1ba1d0661484ca231515ed97cbf9900f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран аз сӯйи мақомот дар ноҳияи Дӯстӣ ба 30 нафар муаллимони ҷавон Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд, иттилоъ додааст раёсати маорифи вилояти Хатлон.Тибқи иттилои манбаъ, маросими супурдани сертификатҳои замин дар як ҳамоише ба ифтихори Рӯзи омӯзгор сурат гирифт.Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон иштирок намуданд.“Бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани омӯзгорони ҷавон яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон” мебошад, ки ҳамасола зина ба зина дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода иброз доштааст, ин 30 нафар омӯзгорон воқеан нафароне ҳастанд, ки ба замин эҳтиёҷ доранд ва аксарияти онҳо бо таълиму тарбияи шогирдон дар ҷомеа муваффақ гардидаанд.Ёдовар мешавем, ки дар миёнаи моҳи август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Суғд хона ҳадя кард.Ӯ дар шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаеро ба истифода дод, ки дар он 45 тан аз кормандони соҳаҳои зикр шуда соҳиби манзил гардиданд.
https://sputnik.tj/20220812/prezident-dar-khujand-ba-45-tabibu-omuzgor-khona-dod-1050665277.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1044001341_0:1:1920:1441_1920x0_80_0_0_8876fe2aa095dddf30f0d52b0c2ad0b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, ноҳияи дӯстӣ, замин тақдим, наздиҳавлигӣ, хатлон
тоҷикистон, мақомот, ноҳияи дӯстӣ, замин тақдим, наздиҳавлигӣ, хатлон
Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ ба 30 омӯзгор замини наздиҳавлигӣ тақдим карданд
Раёсати маорифи вилояти Хатлон эълон карааст, ки дар ноҳияи Дӯстӣ 30 нафар омӯзгор соҳиби Сертификати замини наздиҳавлигӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ахиран аз сӯйи мақомот дар ноҳияи Дӯстӣ ба 30 нафар муаллимони ҷавон Сертификати замини наздиҳавлигӣ тақдим карда шуд, иттилоъ додааст раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, маросими супурдани сертификатҳои замин дар як ҳамоише ба ифтихори Рӯзи омӯзгор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон иштирок намуданд.
“Бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани омӯзгорони ҷавон яке аз бандҳои Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон” мебошад, ки ҳамасола зина ба зина дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода иброз доштааст, ин 30 нафар омӯзгорон воқеан нафароне ҳастанд, ки ба замин эҳтиёҷ доранд ва аксарияти онҳо бо таълиму тарбияи шогирдон дар ҷомеа муваффақ гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар миёнаи моҳи август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Суғд хона ҳадя кард.
Ӯ дар шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаеро ба истифода дод, ки дар он 45 тан аз кормандони соҳаҳои зикр шуда соҳиби манзил гардиданд.