Президент дар Хуҷанд ба 45 табибу омӯзгор хона дод

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкСвязка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд аввалин хонаҳо ба кормандони бахши буҷавӣ бо ҳузури президенти кишвар супорида шуданд ва ба таъкиди раиси вилоят, ин кор идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба корманди соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Суғд хона ҳадя кард.
Ӯ дар охирин рӯзи сафари корияшро дар шимоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаеро ба истифода дод, ки дар он 45 тан аз кормандони соҳаҳои зикр шуда соҳиби манзил гардиданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, дар бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ 10 манзили якҳуҷрагӣ, 18 адад дуҳуҷрагӣ ва 17 манзили сеҳуҷрагӣ ҷой дода шудаанд.
Гуфта мешавад, хонаҳои истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи рӯз ва бо маблағгузории ҳукумати вилоят бунёд гардидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода - раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Бунёди бинои нави донишгоҳ, варзишгоҳи бузург ва хона барои олимон дар Хуҷанд
Ҳамчунин дар шафати бино бошад, чойхонаи "Темурмалик" низ аз буҷаи вилоят бунёд шуда, дар он маркази ҳунармандӣ, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ барои бошандагони маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ташкил шудаанд.
Тақдими хонаҳо дар ҳолест, ки қаблан раиси вилояти Суғд ҳамчунин ваъда дод, ки дар оянда барои ҳазор кормандони соҳаи буҷҷавӣ умдатан табибону омӯзгорон аз ҳисоби ҳукумат хонаҳо сохта шуда ва ҳамасола теъдоди муайяне аз онҳо тақдим мешавад.
Бино ба гуфти Аҳмадзода ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ҳам лоиҳаҳои сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои ин қишри ҷомеа тасдиқ карда шудааст.
Раиси Суғд ваъда дод, ки ба муаллимону табибон ҳазор хона месозанд: ин кай иҷро мешавад?
Мавзуъи сохтмони хонаҳои иҷтимоӣ як сол қабл замоне дар ҷаласаи ҳукумати Суғд садо дода буд, он ҷо дар бораи муҳоҷиршавии селаи омӯзгорону табибон ва ба ин ҳол ба мушкили кадрӣ дучор шудани муассисаҳои тандурустӣ ва маориф баён мешуд.
Масъулини ҳукумат тақдими хонаҳои иҷтимоиро яке аз чораҳои муассисри пешгирикунанда аз муҳоҷиршавии табибону омӯзгорон медонанд.
Лентаи хабарҳо
0