https://sputnik.tj/20221003/dumai-davlati-payvastshavi-rusiya-1051844991.html
Думаи давлатӣ пайвастшавии 4 субъекти нав ба Русияро пазируфт
Думаи давлатӣ пайвастшавии 4 субъекти нав ба Русияро пазируфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави субъектҳои нав, ки номашонро ҳифз мекунанд, то соли 2026 марҳилаи гузариш буда, забони давлатӣ русӣ ва воҳиди пулӣ рубл пазируфта шуд
2022-10-03T19:25+0500
2022-10-03T19:25+0500
2022-10-04T13:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сиёсат
думаи давлатӣ
қабул
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042502079_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_250a21c0050839d62cb52478bcac92bd.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Думаи давлатӣ бо як овоз қавонини конститутсионӣ дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запороже ба ҳайати Русияро қабул кард.Қонунҳои мазкурро ба парлумон раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кард. Бар асоси қонунҳои қабулшуда, ки додгоҳи конститутсионии Русия таъйид кард, дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш хоҳад буд. Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.Бар асоси қарори додгоҳи конститутсионӣ субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишнома аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад.Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.Интизор меравад, дар пайи тасвиби созишномаҳо аз сӯи Думаи давлатӣ Шӯрои федератсия онро баррасӣ ва қабул хоҳад кард.Маврид ба зикр аст, ки 30 сентябр санади пайвастшавии 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР имзо шуд. Президенти Русия, Владимир Путин гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.
https://sputnik.tj/20221003/qodirov-amaliyot-ukraina-taghyir-1051827710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042502079_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_63e63a6dc2c559323b1fa15beaa75400.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пайвастшавӣ, субъект, қонун, думаи давлатӣ
пайвастшавӣ, субъект, қонун, думаи давлатӣ
Думаи давлатӣ пайвастшавии 4 субъекти нав ба Русияро пазируфт
19:25 03.10.2022 (Навсозишуда: 13:30 04.10.2022) Дар қаламрави субъектҳои нав, ки номашонро ҳифз мекунанд, то соли 2026 марҳилаи гузариш буда, забони давлатӣ русӣ ва воҳиди пулӣ рубл пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Думаи давлатӣ бо як овоз қавонини конститутсионӣ дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск ва вилоятҳои Херсону Запороже ба ҳайати Русияро қабул кард.
Қонунҳои мазкурро ба парлумон раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин пешниҳод кард.
Бар асоси қонунҳои қабулшуда, ки додгоҳи конститутсионии Русия таъйид кард, дар ҳамаи 4 субъекти нав то 1 январи соли 2026 марҳилаи гузариш хоҳад буд. Воҳиди пулӣ рубл муқаррар шуда, то охири соли равон гардиши гривнаи украинӣ низ иҷозат дода мешавад.
Бар асоси қарори додгоҳи конститутсионӣ субъектҳои нав номашонро зимни пайвастшавӣ ба Русия ҳифз карда, созишнома аз рӯзи имзояш мавриди амал қарор мегирад.
Забони русӣ дар ин қаламравҳо давлатӣ эълон шуда, таъкид гардидаст, ки барои омӯзиши забонҳои дигари модарӣ тамоми шароит фароҳам мешавад.
Интизор меравад, дар пайи тасвиби созишномаҳо аз сӯи Думаи давлатӣ Шӯрои федератсия онро баррасӣ ва қабул хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки 30 сентябр санади пайвастшавии 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР имзо шуд. Президенти Русия, Владимир Путин гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, сокинон ба ҷонибдорӣ аз пайвастшавӣ ба Русия овоз доданд.