https://sputnik.tj/20221003/bekoron-vmkb-shughl-1051826772.html
Баҳси таъмини бекорони ВМКБ бо шуғл: Раиси вилоят ҷои корро нишон дод
Баҳси таъмини бекорони ВМКБ бо шуғл: Раиси вилоят ҷои корро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони халқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳти раёсати Алишер Мирзонабот роҳҳои таъмини аҳолии минтақа бо ҷои корро баррасӣ намуданд
2022-10-03T11:40+0500
2022-10-03T11:40+0500
2022-10-03T11:40+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
бекорӣ
вмкб
алишер мирзонабот
ҷои кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043320220_0:180:960:720_1920x0_80_0_0_bc295372daa0ed3091594ce15d8eaac4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025" аз мавзуи меҳварии маҷлиси вакилони халқи вилоят буд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ хабар дода, афзуд, ки вакилон аз ҷумла гузориши муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Марзия Некпаеваро шуниданд. Ба иттилои Некпаева, барномаи мазкур тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштаро фаро мегирад. Ҳамчунин мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ аз бахшҳои дигари барномаи мазкур арзёбӣ гардиданд. Вай афзудааст, ки ҳоло дар қайди шуъба ва бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ 5539 нафар шаҳрвандони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дастур дода, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекорро муҳим хонд. Вай афзуд, вобаста ба таъмини ҷойҳои корӣ дар неругоҳҳои барқи обии "Роғун", "Себзор" ва сохтмони роҳи Дарвоз – Ванҷ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супоришҳои мушаххас додаст.
https://sputnik.tj/20220830/rahmon-shahrvand-kumakpuli-bekori-pardokht-1051050233.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043320220_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_79ccf42b109baca281474987dee30a84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раиси вмкб, ҷой, кор,
Баҳси таъмини бекорони ВМКБ бо шуғл: Раиси вилоят ҷои корро нишон дод
Вакилони халқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таҳти раёсати Алишер Мирзонабот роҳҳои таъмини аҳолии минтақа бо ҷои корро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. "Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2023-2025" аз мавзуи меҳварии маҷлиси вакилони халқи вилоят буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ хабар дода, афзуд, ки вакилон аз ҷумла гузориши муовини сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Марзия Некпаеваро шуниданд.
Ба иттилои Некпаева, барномаи мазкур тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои кории нав, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштаро фаро мегирад.
Ҳамчунин мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ аз бахшҳои дигари барномаи мазкур арзёбӣ гардиданд.
Вай афзудааст, ки ҳоло дар қайди шуъба ва бахшҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ 5539 нафар шаҳрвандони бекор расман ба қайд гирифта шудаанд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи бекорӣ дастур дода, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекорро муҳим хонд.
Вай афзуд, вобаста ба таъмини ҷойҳои корӣ дар неругоҳҳои барқи обии "Роғун", "Себзор" ва сохтмони роҳи Дарвоз – Ванҷ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супоришҳои мушаххас додаст.