https://sputnik.tj/20221002/duma-davlati-bargardondan-zamin-rusiya-1051816660.html
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, раванди баргардондани заминҳои Русия ҳанӯз анҷом наёфтааст
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, раванди баргардондани заминҳои Русия ҳанӯз анҷом наёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатӣ пайвастшавии 4 субъекти ҷадид ба Русияро бузургтарин баҳамоӣ хонда, афзуд, ки ин ин иқдомро поини кор намедонад
2022-10-02T12:30+0500
2022-10-02T12:30+0500
2022-10-02T12:30+0500
дар русия
қрим
думаи давлатӣ
сиёсат
раъйпурсӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/17/1050891074_0:0:3268:1839_1920x0_80_0_0_94ac892b2aab3044539994f6bccf3da5.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раванди бозгардонии сарзаминҳои таърихии Русия ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, изҳор дошт вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим Константин Бахарев . Ӯ ин нуктаро ба РИА "Новости" дар пасманзари пайвастшавии ахири ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва вилояти Херсону Запроже ба Русия баён доштаст. "Ман боварӣ дорам, ки қабули чаҳор субъекти нав марҳилаи охирини баргардонидани заминҳои таърихии Русия нест. Муоширати ман бо сокинони минтақаҳои озодшуда дар ҷараёни раъйпурсии охирин маро ба ин бовар водор карднд. Мегӯянд тарс хаста шудаанд ва сулҳу суботеро мехоҳанд, ки танҳо Русия дода метавонад", - гуфт Бахарев. Вай пайвастшавии минтақаҳои ҷадид ба Русияро калонтарин баҳамоии халқ баъди ҷудошавӣ хонд. Маврид ба зикр аст, ки 30 сентябр санади пайвастшавии 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР имзо шуд. Президенти Русия, Владимир Путин гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.Маврид ба зикр аст, ки раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, беш 87%-и сокинони вилояти Херсон ба тарафдории пайвастан ба Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия зиёда аз 93%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки зиёда аз 98% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро беш аз 99%-и аҳолӣ дастгирӣ карданд.
https://sputnik.tj/20221001/nebenzya-raypursi-qonun-baynalmilal-1051805190.html
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/17/1050891074_335:0:3066:2048_1920x0_80_0_0_32ee43a175bdb009ad77ac19d932e754.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакил, бозгардонӣ, заминҳо, русия, идома
вакил, бозгардонӣ, заминҳо, русия, идома
Дар Думаи давлатӣ гуфтанд, раванди баргардондани заминҳои Русия ҳанӯз анҷом наёфтааст
Вакили Думаи давлатӣ пайвастшавии 4 субъекти ҷадид ба Русияро бузургтарин баҳамоӣ хонда, афзуд, ки ин иқдомро поини кор намедонад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Раванди бозгардонии сарзаминҳои таърихии Русия ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, изҳор дошт вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим Константин Бахарев .
Ӯ ин нуктаро ба РИА "Новости" дар пасманзари пайвастшавии ахири ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва вилояти Херсону Запроже ба Русия баён доштаст.
"Ман боварӣ дорам, ки қабули чаҳор субъекти нав марҳилаи охирини баргардонидани заминҳои таърихии Русия нест. Муоширати ман бо сокинони минтақаҳои озодшуда дар ҷараёни раъйпурсии охирин маро ба ин бовар водор карднд. Мегӯянд тарс хаста шудаанд ва сулҳу суботеро мехоҳанд, ки танҳо Русия дода метавонад", - гуфт Бахарев.
Вай пайвастшавии минтақаҳои ҷадид ба Русияро калонтарин баҳамоии халқ баъди ҷудошавӣ хонд.
Маврид ба зикр аст, ки 30 сентябр санади пайвастшавии 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР имзо шуд. Президенти Русия, Владимир Путин гуфт, барои ин иқдом миллионҳо нафар овози худро доданд ва ин ҳаққи онҳост, чун ҳаққи баробарию соҳибихтиёрии халқҳо дар Оинномаи СММ сабт гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки раъйпурсӣ дар ҶХД, ҶХЛ ва минтақаҳои Херсону Запороже аз 23 то 27 сентябр баргузор шуда, беш 87%-и сокинони вилояти Херсон ба тарафдории пайвастан ба Русия овоз доданд. Аз вуруди вилояти Запороже ба Русия зиёда аз 93%-и интихобкунандагон ҷонибдорӣ карданд.
Дар Маркази интихоботии ҶМЛ гуфтанд, ки зиёда аз 98% ба тарафдории ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Русия овоз доданд. Дохилшавии ҶМД ба Русияро беш аз 99%-и аҳолӣ дастгирӣ карданд.