ВМКБ аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

© Горно-Бадахшанская Автономная ОбластьПризывники в армию Таджикистана в Бадахшане
Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2022
Обуна шудан
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чаҳор сол боз дар иҷрои нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ пешсаф аст ва ин ташаббусро аз даст додань нест
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. ВМКБ дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нақшаи сарбозгириро 100% иҷро намуд.
Дар ин бора раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни як маросими гусели наваскарон иттилоъ дод.
“Дар Бадахшон маъракаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ имрӯз- дар рӯзи аввал ба анҷом расид ва ҷавонони вилоят бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар шуданд”, - афзуд ӯ зимни маросими гусел.
Ӯ гуфтааст, аз ин ки ҳамасола ҷавонони вилоят нақшаро дар рӯзи аввал иҷро мекунанд ифтихор дорад ва умед кардааст, ки ин корро минбаъд низ анҷоб хоҳанд дод.
Номбурда гуфтааст, ки имрӯз вазъи печидаи ҷаҳон ва минтақа, бавижа амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаи имрӯза моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи худамон ҳамеша омода бошем.
Оғози даъвати наваскарон ба артиш дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2022
Воруху Чоркӯҳ ҷамоатҳои наздимарзии Исфара нақшаи даъват ба аскариро иҷро карданд
Ёдовар мешавем, ки имрӯз 1 октябр дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфт, ки он ҳамакнун ду моҳ давом мекунад.
ВМКБ бошад аз вилоятҳоест, ки чаҳор сол боз, аз соли 2018 дар ҳамаи мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар нахустин шуда, нақшаро иҷро мекунад.
Қаблан вазири дифои кишвар Шералӣ Мирзо зимни як ҷаласа бо кормандонаш гуфта буд, ки даъват бидуни “облава” сурат гирад ва ҳамчунин фарзандони мансабдорон низ бештар ҷалб гарданд.
Лентаи хабарҳо
0