Воруху Чоркӯҳ ҷамоатҳои наздимарзии Исфара нақшаи даъват ба аскариро иҷро карданд

© Дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри ИсфараОғози даъвати наваскарон ба артиш дар Тоҷикистон
Оғози даъвати наваскарон ба артиш дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2022
Обуна шудан
Калонтарин ҷамоатҳои наздимарзии шаҳри Исфара дар аввалин рӯзи оғози маъракаи тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаро ба иҷро расониданд
ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи тирамоҳии даъвати наваскарон ба сафи артиши кишвар оғоз гардид, ки тибқи аввалин иттилоияҳо шаҳри Исфара пешқадам аст.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки субҳи имрӯз 1 октябр ба ифтихори ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмат дар сафи Артиш ҳозир шуданд, дар маркази шаҳр чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Ин масъули ҳукумати Исфара, зикри теъдоди наваскаронро сирри ҳарбӣ хонд ва танҳо дар бораи иҷроиши нақша гуфт.
“Аз ҳисоби шумори ҷавононе, ки ихтиёрӣ ҳозир шуданд, нақшаи пешбинишудаи даъвати ҳарбӣ дар ҷамоати Ворух 104 % ва дар ҷамоати Чоркӯҳ 108% иҷро гардид”,- зикр кард, Шомадов.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, дар маросими гусел ширкат варзида ба навсарбозон барои дарки масъулият ва ба иҷро расонидани қарзи шаҳрвандиашон изҳори сипос намудаааст.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Бе "облава" ва даъвати бештари писарони мансабдорон: Шералӣ Мирзо аз комиссарҳо чӣ хост?
“Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад”, - таъкид намудааст, шаҳрдори Исфара.
Маъракаи гусели наваскарон дар шаҳри Исфара бо дуои муйсафедон ва анъанаи газидани луқмаи нон, ки пайгирӣ аз анъанаҳои дерини миллӣ мебошад хатм шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш фармони раисҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 - 2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба тасвиб расида буд.
Бар асоси ин фармон даъват ба сафи артиш ду моҳ идома хоҳад кард
Лентаи хабарҳо
0