https://sputnik.tj/20221001/britoniho-bayden-davat-harfho-putin-khomush-1051808123.html
Бритониҳо аз Байден даъват намуданд, ки пас аз ҳарфҳои Путин хомӯш истад
Бритониҳо аз Байден даъват намуданд, ки пас аз ҳарфҳои Путин хомӯш истад
Sputnik Тоҷикистон
Аксари хонандагони рӯзномаи бритонии Daily Mail аз сиёсати кишвардори Амрико норизо буда, ҷонибдори онанд, ки Байденро бояд ҳар чӣ зудтар аз вазифа дур кард
2022-10-01T15:02+0500
2022-10-01T15:02+0500
2022-10-01T15:02+0500
дар ҷаҳон
ҷо байден
сиёсат
британия
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048693355_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_1728396e004cab916275a68dc84054ec.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Хонандагони рӯзномаи бритониёии Daily Mail изҳороти раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба раҳбари Русияро дар бораи омодагии НАТО барои дифоъ аз ҳар ваҷаб хоки кишварашро фаъолона баррасӣ мекунанд.Яке аз корбарон навиштааст, ки "бисёр мехоҳад, то Байден дигар лаб во накунад".Корбарри дигар навиштааст, ки қабл аз он,ки Байден моро ба ҷанги ҳастаӣ мекашад, ӯро зуд аз вазифа дур кардан лозим аст."Аксари Амрико ба як калимаи Байден бовар намекунанд, чаро Путин ӯро ҷиддӣ қабул мекунад?", - қайд намудааст корбари дигар.Хонандаи дигар навиштааст, ки ӯ на аз Путин, балки бештар аз маъмурияти Амрико метарсад.Чанде пеш Байден гуфт, ки ИМА ва шариконаш комилан омодаанд, ҳар ваҷаб аз қаламрави Эътилофи Атлантикаи Шимолиро дифоъ кунанд ва аз Путин даъват кард, ки инро дуруст дарк кунад.Ин изҳорот баъд аз имзои созишномаҳо дар бораи пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье ба Русия дар Кремл садо дод. Зимни суханронӣ дар ин маросим, Путин, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳидаро ба он муттаҳам намуд, ки мехоҳанд Русия ва дигар давлатҳои соҳибистиқлолро шикаст диҳанд. Вай таъкид намуд, ки Русия бо тамоми нерӯ ва васоили мавҷуд аз худ дифоъ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220719/ima-bayden-nabard-ukraina-maghlub-1050091400.html
британия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/19/1048693355_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_bc81ac9f4a8650b28d33c09a9812c72e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
байден бритониҳо даъват путин
байден бритониҳо даъват путин
Бритониҳо аз Байден даъват намуданд, ки пас аз ҳарфҳои Путин хомӯш истад
Аксари хонандагони рӯзномаи бритонии Daily Mail аз сиёсати кишвардори Амрико норизо буда, ҷонибдори онанд, ки Байденро бояд ҳар чӣ зудтар аз вазифа дур кард
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Хонандагони рӯзномаи бритониёии Daily Mail изҳороти раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба раҳбари Русияро дар бораи омодагии НАТО барои дифоъ аз ҳар ваҷаб хоки кишварашро фаъолона баррасӣ мекунанд.
Яке аз корбарон навиштааст, ки "бисёр мехоҳад, то Байден дигар лаб во накунад".
"Вай ҳақиқатан мехоҳад ҷангро сар кунад. Қаҳри хирсро махезон", - навиштааст корбари дигар.
Корбарри дигар навиштааст, ки қабл аз он,ки Байден моро ба ҷанги ҳастаӣ мекашад, ӯро зуд аз вазифа дур кардан лозим аст.
"Аксари Амрико ба як калимаи Байден бовар намекунанд, чаро Путин ӯро ҷиддӣ қабул мекунад?", - қайд намудааст корбари дигар.
Хонандаи дигар навиштааст, ки ӯ на аз Путин, балки бештар аз маъмурияти Амрико метарсад.
Чанде пеш Байден гуфт, ки ИМА ва шариконаш комилан омодаанд, ҳар ваҷаб аз қаламрави Эътилофи Атлантикаи Шимолиро дифоъ кунанд ва аз Путин даъват кард, ки инро дуруст дарк кунад.
Ин изҳорот баъд аз имзои созишномаҳо дар бораи пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Херсон ва Запорожье ба Русия дар Кремл садо дод.
Зимни суханронӣ дар ин маросим, Путин, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳидаро ба он муттаҳам намуд, ки мехоҳанд Русия ва дигар давлатҳои соҳибистиқлолро шикаст диҳанд. Вай таъкид намуд, ки Русия бо тамоми нерӯ ва васоили мавҷуд аз худ дифоъ хоҳад кард.