Дар ИМА мутмаинанд, ки Байден дар набард барои Украина мағлуб мешавад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция президента США Дж. Байдена
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Обуна шудан
Натиҷаи номуваффақро дар талошҳои раҳбари Амрико барои Украина алайҳи Русия пешгӯӣ мекунад. Сиёсати ӯ кайҳо боз худи амрикоиёнро ба хашм овардааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден тасмим гирифт, бо Русия барои Украина ба ҷанги ниёбатӣ ворид шавад, бешубҳа маълум аст, ки мағлуб мешавад.
Полковник Дуглас МакГрегор дар мақолае барои The American Thinker дар ин бора изҳор дошт.
"Аспи дӯстдоштаи ӯ, НАТО дар пойҳои охирини худ қарор дорад. Ва ягона чизе, ки аз рейтинги Байден тезтар меафтад, иқтисодҳои ИМА ва Аврупост", — менависад муаллиф.
Ба андешаи ӯ, дар НАТО чунин вонамуд мекунанд ва намебинанд, ки таҳримҳои зидди Русия кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро ғарқ карда, онҳоро бо фалокати ҳарчи бештар тела медиҳад.
Масалан, Олмонро гирем - такягоҳи иқтисоди Аврупо ва кишвари пешрафтаи НАТО ҳоло мавқеи беҳтаре надорад.
Ҳамзамон, садри аъзам Олаф Шолтс ба таври возеҳ мебинад, ки агар вай бо роҳандозии ҳаракат барои оташбас дар Украина Аврупоро бар зидди Байден роҳбарӣ кунад, пас пуштибонии Аврупо аз НАТО ва ҷанги хандаоваронаи Байден бо Русия ба хок табдил меёбад.
П/к по итогам встречи Д. Байдена с  президентом Финляндии и премьером Швеции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Коршинос: ИМА мехоҳад ғалабаи иқтисодии худро бар ИҶШС такрор кунад
Сиёсати ИМА ба ҳукуматдорони худ таҳдид мекунад. Амрикоиҳо ва аврупоиҳо "аз роҳбарони тарсончак ва аблаҳи худ" аллакай ба ғазаб омадаанд, менависад дар хотима нашрия.
Қаблан Томи Ларен шореҳи сиёсӣ дар шабакаи телевизионии Sky News гуфта буд, ки Амрико қасд дорад, раиси Кохи Сафедро пас аз интихоботи миёндавраии моҳи ноябр ба Маҷлиси намояндагон раҳо кунанд.
Ҳамин тариқ, вай натоиҷи яке аз пурсишҳоро шарҳ дод, ки тибқи он 71% амрикоиҳо намехоҳанд Байденро дар интихобот барои давраи дуввуми президентӣ бубинанд.
Лентаи хабарҳо
0