Раиси Суғд омӯзгоронро шодбош гуфту аз ихтисоси 1 млрд сомонӣ хабар дод

© Sputnik / Стас ЭтвешШкольники в Таджикистане, архивное фото
Школьники в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2022
Обуна шудан
Раиси Суғд омӯзгорони вилоятро бо Рӯзи касбияшон шодбош гуфта, таъкид намуд, ки ҳукумат ба маориф чун соҳаи бисёр муҳим таваҷҷуҳи махсус медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Таъмини амнияту сифати баланди зиндагӣ мустақиман аз сатҳи маорифу ҷараёни таълиму тарбия вобаста аст.
Ин нуктаро раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар паёми шодбошияш ба муносибати Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола дар Тоҷикистон, рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр таҷлил мегардад, баён дошт.
"Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман, рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст", - гуфт ӯ.
Аҳмадзода аз раисҷмуҳур, Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардааст, ки "Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад".
Открытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Дар як мактаби Волгоград синфи кӯдакони муҳоҷирон ташкил карда шуд
Ба иттилои ӯ, дар баробари тадобири ҳукумат барои рушди соҳаи маориф, мақомоти маҳаллии Суғд низ сармоягузориро афзоиш додаст ва ихтисоси беш аз 1 млрд сомониро аз буҷаи вилоят дар соли равон зикр намуд.
Аҳмадзода барои ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани низоми таҳсилот дар макотиби ҷумҳурӣ муҳим хондаст, ки омӯзгорон барои самаранок гардонидани сифати таълиму тарбия кӯшанд.
Вай аз пирӯзии омӯзгорон аз Суғд дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Мураббии сол" ва "Муаллими соли" зикр намуда, изҳори боварӣ кардаст, ки онҳо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои рисолаташон мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0