https://sputnik.tj/20220907/dar-yak-maktabi-volgograd-sinfi-kudakoni-muhojironi-tojik-tashkil-karda-shud-1051210922.html
Дар як мактаби Волгоград синфи кӯдакони муҳоҷирон ташкил карда шуд
Дар як мактаби Волгоград синфи кӯдакони муҳоҷирон ташкил карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ба таҳсили фарзандонашон бо забони русӣ таваҷҷӯҳ доранд ва ба ин масъала рафтори ҷиддӣ мекунанд
2022-09-07T09:00+0500
2022-09-07T09:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
кӯдакон
муҳоҷир
муҳоҷират
волгоград
синф
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051113794_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_ca9797115c7c30022117211e74e5653b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар яке аз мактабҳои шаҳри Волгоград як синфи кӯдакони муҳоҷир таъсис дода шудааст, ки русӣ забони модариашон нест, иттилоъ додааст портали "V1.ru".Ба гуфтаи ин манбаъ, синф зери ҳарфи “Ж” баъд аз он таъсис дода шуд, ки дар чанд синфи ин мактаб маълум шуд, кӯдаконе таҳсил мекарданд, ки забони русиро умуман балад нестанд.Ҳамаи ин кӯдакон аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳастанд. Бархе аз ин кӯдакон дар Волгоград таваллуд шудаанд ва бархеи дигар тоза бо волидайнашон ба он ҷо кӯч бастаанд.Дар маҷмуъ 14 талаба дар ин синф таҳсил мекунад. Ҳоло ҳама дар як гурӯҳ сабти ном шуда, якҷоя таҳсил мекунанд.Ба гуфтаи вай, барои ҳама волидайн муҳим аст, ки фарзандонашон бо забони русӣ таҳсил кунанд.“Ҳамаи мактаббачагони синфи “Ж” озода ҳастанд, либоси ягонаву асбобу анҷоми хониш доранд”, — гуфт муовини мудири ин муассисаи таълимӣ.Ёдовар мешавем, дар Русия платформаи интернетии "Детиздесь.рф" таҳия шудааст, ки бо кумаки он кӯдакон метавонанд забони русиро дар шакли интерактивӣ омӯзанд.Ба ин курсҳои махсуси видеоӣ бо ҳамроҳии муаллимони забони русӣ кӯмак хоҳанд кард.Илова бар ин дар платформа бисёр аз дуруси фароғатӣ ҷойгир карда мешаванд: аз филмҳои тасвирӣ то сериалҳои телевизионӣ.
https://sputnik.tj/20220902/suoli-muhim-sentyabr-farzandro-maktabhoi-rusi-dokhil-1051128974.html
волгоград
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051113794_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_95ac565287a5d9e9752a2a078e385274.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, таҳсил, кӯдакон, муҳоҷирон, синф, забони русӣ, рафтор, фарзандон
тоҷикистон, русия, таҳсил, кӯдакон, муҳоҷирон, синф, забони русӣ, рафтор, фарзандон
Дар як мактаби Волгоград синфи кӯдакони муҳоҷирон ташкил карда шуд
09:00 07.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Муҳоҷирон меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ ба таҳсили фарзандонашон бо забони русӣ таваҷҷуҳ доранд ва ин масъаларо ҷиддӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар яке аз мактабҳои шаҳри Волгоград як синфи кӯдакони муҳоҷир таъсис дода шудааст, ки русӣ забони модариашон нест, иттилоъ додааст портали "V1.ru".
Ба гуфтаи ин манбаъ, синф зери ҳарфи “Ж” баъд аз он таъсис дода шуд, ки дар чанд синфи ин мактаб маълум шуд, кӯдаконе таҳсил мекарданд, ки забони русиро умуман балад нестанд.
Ҳамаи ин кӯдакон аз хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳастанд. Бархе аз ин кӯдакон дар Волгоград таваллуд шудаанд ва бархеи дигар тоза бо волидайнашон ба он ҷо кӯч бастаанд.
Дар маҷмуъ 14 талаба дар ин синф таҳсил мекунад. Ҳоло ҳама дар як гурӯҳ сабти ном шуда, якҷоя таҳсил мекунанд.
"На ҳама волидон бо забони русӣ ҳарф мезананд. Ман маҷбур шудам, ки онҳоро дар алоҳидагӣ кумак кунам, баъзеҳо ҳамроҳ бо тарҷумон меомаданд", - гуфт муовини мудири мактаб Елена Елизарова.
Ба гуфтаи вай, барои ҳама волидайн муҳим аст, ки фарзандонашон бо забони русӣ таҳсил кунанд.
“Ҳамаи мактаббачагони синфи “Ж” озода ҳастанд, либоси ягонаву асбобу анҷоми хониш доранд”, — гуфт муовини мудири ин муассисаи таълимӣ.
Ёдовар мешавем, дар Русия платформаи интернетии "Детиздесь.рф" таҳия шудааст, ки бо кумаки он кӯдакон метавонанд забони русиро дар шакли интерактивӣ омӯзанд.
Ба ин курсҳои махсуси видеоӣ бо ҳамроҳии муаллимони забони русӣ кӯмак хоҳанд кард.
Илова бар ин дар платформа бисёр аз дуруси фароғатӣ ҷойгир карда мешаванд: аз филмҳои тасвирӣ то сериалҳои телевизионӣ.