Сарони кишварҳои ИДМ дар Остона мулоқот мекунанд

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев Флаги государств СНГ. Архивное фото
Флаги государств СНГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Обуна шудан
Остона мизбони нишастҳои Шӯрои ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва "Осиёи Марказӣ - Русия" ва ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон мизбони нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар формати “Осиёи Марказӣ – Русия” мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.
Ин чорабинӣ 14 октябри соли ҷорӣ дар Остона баргузор мешавад.
Ба ин тартиб, як рӯз пеш, 13 октябр, нишасти VI-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё оғоз шуда, рӯзи дигар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ низ баргузор мешавад.
Гиссарская крепость - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Кишварҳои ИДМ хатсайри ягона барои саёҳат омода мекунанд
Қазоқистон ба сабтиноми хабарнигорони хориҷӣ дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия шурӯъ мекунад, то як қатор чорабиниҳоро инъикос кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон соли 2022 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ҷаласаи муштарак сарони вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ ширкат доштанд. Ҷаласаи вазирон дар авоили моҳи сентябр дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0