https://sputnik.tj/20220929/putin-vaziyat-marzhoi-idm-tavajjuh-talab-1051774117.html
Путин: вазъият дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб мекунад
Путин: вазъият дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия мегӯяд, ки вазъият дар марзҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз кишварҳо диққати бештарро талаб мекунад
2022-09-29T22:00+0500
2022-09-29T22:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
владимир путин
идм
таваҷҷуҳ
марз
истихборотӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/08/1051243613_0:220:3251:2048_1920x0_80_0_0_ce3da00e17f1cb1521129889fa3482c4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Вазъ дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи бештарро тақозо мекунад, чунки дар он ҷо таҳдидҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки метавонанд ба мавқеи кишварҳо таъсири манфӣ расонанд, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия."Вазъият дар марзҳои ИДМ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Маҳз дар онҷо таҳдидҳои умумии амниятӣ ба вуҷуд омадаанд, ки агар сари вақт ҷилавгирӣ нашаванд, метавонанд ба вазъ дар кишварҳои мо таъсири манфӣ расонанд", - гуфт Владимир Путин дар суҳбат бо сардорони хадамотҳои истихборотии кишварҳои ИДМ.Дар ин замина раисҷумҳури Русия аз хадамотҳои истихборотии кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ҳамкориҳоро бештар ва зичтар ба роҳ монанд.Оқои Путин гуфт, ба хадамотҳои истихборотӣ кишварҳои ИДМ зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар заминаи табодули иттилоот ва омӯзиш боз ҳам густариш диҳанд.“Мо кайҳо боз итминон доштем, ки муттаҳид сохтани сохторҳои шумо имкониятҳои онҳоро васеътар мекунад. Ба шумо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст оред ва аз захираҳои мавҷуда самараноктар истифода баред. Бинобар ин ҳамкориҳоро дар оянда аз мубодилаи иттилоот фаъолона рушд додан лозим аст. Ба хусус ба амалиётҳоии муштараки махсус ва омодасозии кадрҳо”, - гуфт Путин зимни мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои истихборотии кишварҳои ИДМ.Вай илова кард, ки сохторҳои истихборотии кишварҳои ИДМ дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои хатарнок қарор доранд.“Шумо аз бисёр ҷиҳат вазифаҳои якхела доред: таъмини сулҳу субот дар кишварҳоятон, таҳкими истиқлолияти миллӣ, мусоидат ба рушди робитаҳои ҳамгироӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мутақобила. Мо дар чунин кори муштарак таҷрибаи бой дорем ва мо бояд аз он ҳадди аксар истифода барем”, - афзуд Путин.
https://sputnik.tj/20220929/putin-gharb-kushish-kishvarhoi-hamsud-qatlu-kushtor-rohandozi-1051773574.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/08/1051243613_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f1cac86d40539318c9309b14d0028074.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, идм, диққат, идм, марз, таваҷҷуҳ, владимир путин, истихборот, ҳамкорӣ,
русия, идм, диққат, идм, марз, таваҷҷуҳ, владимир путин, истихборот, ҳамкорӣ,
Путин: вазъият дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи зиёдеро талаб мекунад
22:00 29.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раҳбари Русия мегӯяд, ки вазъият дар марзҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз кишварҳо диққати бештарро талаб мекунад
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Вазъ дар марзҳои кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳи бештарро тақозо мекунад, чунки дар он ҷо таҳдидҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, ки метавонанд ба мавқеи кишварҳо таъсири манфӣ расонанд, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия.
"Вазъият дар марзҳои ИДМ таваҷҷуҳи бештар мехоҳад. Маҳз дар онҷо таҳдидҳои умумии амниятӣ ба вуҷуд омадаанд, ки агар сари вақт ҷилавгирӣ нашаванд, метавонанд ба вазъ дар кишварҳои мо таъсири манфӣ расонанд", - гуфт Владимир Путин дар суҳбат бо сардорони хадамотҳои истихборотии кишварҳои ИДМ.
Дар ин замина раисҷумҳури Русия аз хадамотҳои истихборотии кишварҳои ИДМ даъват кард, ки ҳамкориҳоро бештар ва зичтар ба роҳ монанд.
Оқои Путин гуфт, ба хадамотҳои истихборотӣ кишварҳои ИДМ зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар заминаи табодули иттилоот ва омӯзиш боз ҳам густариш диҳанд.
“Мо кайҳо боз итминон доштем, ки муттаҳид сохтани сохторҳои шумо имкониятҳои онҳоро васеътар мекунад. Ба шумо имкон медиҳад, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст оред ва аз захираҳои мавҷуда самараноктар истифода баред. Бинобар ин ҳамкориҳоро дар оянда аз мубодилаи иттилоот фаъолона рушд додан лозим аст. Ба хусус ба амалиётҳоии муштараки махсус ва омодасозии кадрҳо”, - гуфт Путин зимни мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои истихборотии кишварҳои ИДМ.
Вай илова кард, ки сохторҳои истихборотии кишварҳои ИДМ дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои хатарнок қарор доранд.
“Шумо аз бисёр ҷиҳат вазифаҳои якхела доред: таъмини сулҳу субот дар кишварҳоятон, таҳкими истиқлолияти миллӣ, мусоидат ба рушди робитаҳои ҳамгироӣ, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мутақобила. Мо дар чунин кори муштарак таҷрибаи бой дорем ва мо бояд аз он ҳадди аксар истифода барем”, - афзуд Путин.