https://sputnik.tj/20220929/putin-gharb-kushish-kishvarhoi-hamsud-qatlu-kushtor-rohandozi-1051773574.html
Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад
Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб талош доранд нақшаҳои барангехтани низоъҳо дар кишварҳои ИДМ-ро роҳандозӣ намоянд
2022-09-29T20:50+0500
2022-09-29T20:50+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
идм
владимир путин
ғарб
қатл
куштор
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/16/1051590641_252:590:2844:2048_1920x0_80_0_0_11e67de0022c71be8a1582444a9d3ac1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд, гуфт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо намояндагони хадамотҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.“Рақибони геополитикии мо, рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд, тавре ки чанде пеш гуфта будем. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Онҳо инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.Кишвардори Русия бар он аст, ки Ғарб мехоҳад мушкилот ва бӯҳронҳои навро ба вуҷуд биёрад."Гегемонияи якқутбӣ аз байн меравад. Ин воқеияти объектест, ки Ғарб онро қабул надорад. Ва мо онро ҳоло хуб мушоҳида дорем", - шарҳ дод раисҷумҳури Русия.Дар ҳамин ҳол, Путин таъкид кард, ки амнияти беруна ва суботи дохилӣ шарти аслии рушди пешрафтаи кишварҳои минтақа аст.
https://sputnik.tj/20220928/pasechnik-putin-lugansk-rusiya-1051733773.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/16/1051590641_319:210:2770:2048_1920x0_80_0_0_21c1cdca60fedd8d51a356cae3028133.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ғарб, владимир путин, идм, кишварҳои ҳамсуд, қатлу куштор, низоъ
русия, ғарб, владимир путин, идм, кишварҳои ҳамсуд, қатлу куштор, низоъ
Путин: Ғарб кӯшиш дорад дар кишварҳои ҳамсуд қатлу куштор роҳандозӣ кунад
20:50 29.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раҳбари Русия мегӯяд, ки кишварҳои Ғарб талош доранд нақшаҳои барангехтани низоъҳо дар кишварҳои ИДМ-ро роҳандозӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд, гуфт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо намояндагони хадамотҳои амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
“Рақибони геополитикии мо, рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд, тавре ки чанде пеш гуфта будем. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Онҳо инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.
Кишвардори Русия бар он аст, ки Ғарб мехоҳад мушкилот ва бӯҳронҳои навро ба вуҷуд биёрад.
"Гегемонияи якқутбӣ аз байн меравад. Ин воқеияти объектест, ки Ғарб онро қабул надорад. Ва мо онро ҳоло хуб мушоҳида дорем", - шарҳ дод раисҷумҳури Русия.
Дар ҳамин ҳол, Путин таъкид кард, ки амнияти беруна ва суботи дохилӣ шарти аслии рушди пешрафтаи кишварҳои минтақа аст.