https://sputnik.tj/20220929/abdumusavvir-bahoduri-afghoniston-tojikiston-1051764837.html
Абдумусаввир Баҳодурӣ: “Ин ҷо Афғонистон нест, Тоҷикистон аст”
Абдумусаввир Баҳодурӣ: “Ин ҷо Афғонистон нест, Тоҷикистон аст”
Sputnik Тоҷикистон
Райиси як созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон ихроҷи як теъдод аз паноҳандагони кишварашро қонунӣ хонд
2022-09-29T17:11+0500
2022-09-29T17:11+0500
2022-09-29T17:11+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ихроҷ
паноҳандагон
амният ва мудофиа
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759901_191:531:2888:2048_1920x0_80_0_0_69b365ba78755f027c24cb1c3d493d9b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Расонаҳо аз ихроҷи 9 то 200 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки касеро ихроҷ накардааст.Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, бархӯрди шадиди мақомоти Тоҷикистон ба бархе аз шаҳрвандони Афғонистон қонунӣ аст ва реша дар надонистани қавонини ин кишвар аз сӯи муҳоҷирин дорад.“Муҳоҷироне, ки солҳо ба ин сӯ дар Тоҷикистонанд, қонуну қоидаҳои будубошро медонанд. Аммо онҳое, ки тоза вориди кишвар шудаанд, бахусус ҷавонон, огоҳӣ надоранд ва даст ба қонуншиканиҳо задаанд. Дар пайи муроҷиати созмони мо мақомоти Тоҷикистон як қатор маворидеро пешниҳод карданд, ки кас аз зикри онҳо шарм мекунад”, - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.Роҳбари ҷамъияти "Ориёно", ки худ ҳудуди 30 сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад, мегӯяд, мавориди истифодаи ҳаб (“таблетка”)-у банг ва бархе кирдорҳои ғайриахлоқиву шабгардиҳо аз сӯи мақомот сабт шуда, ки мӯҷиби муҷозоти афроди гунаҳкор шудааст.“Масалан, дар шаҳри Ваҳдат, ки теъдоди қобили мулоҳизаи муҳоҷирини Афғонистон зиндагӣ мекунад, истифодаи “таблетка” қариб ки вуҷуд надошта, аммо аз сӯи муҳоҷирини мо ривоҷ дода шудааст. Бархе ҳам вақте боздошт мешаванд, дар киса “таблетка” – ву банг доштаанд. Онҳо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ин ҷо Тоҷикистон аст, на Афғонистон, ки ҳар коре дилат хоҳад анҷом диҳӣ", - гуфт Абдумусаввир БаҳодурӣВай илова кард, ки азбаски Афғонистон як кишвари хатарнок аз лиҳози терроризм ба шумор меравад, мақомоти Тоҷикистон ҳам маҷбуранд тадобири худро барои амнияти кишварашон гиранд.Қаблан расонаҳои мухталиф аз ихроҷи 9 то 200 шаҳрванди Тоҷикистон тайи як барномае аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар дода буданд.Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки фақат 29 шаҳрванди Афғонистонро ба маблағҳои мухталиф ҷарима кардааст ва ҳеҷ як аз онҳоро ихроҷ накардааст.Тоҷикистон солҳо ба ин сӯ барои аксари шаҳрвандони Афғонистон ҳамчун кишваре барои сафар ба кишвари зисти доимӣ дар Амрикову Аврупо будааст. Дар ин миён ҳазорон нафар тариқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид пас аз дарёфти ҳаққи иқомат дар кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистонро тарк кардаанд.
https://sputnik.tj/20220929/muhojir-afghon-hafta-eron-ikhroj-1051757187.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/14/1041759901_544:556:2533:2048_1920x0_80_0_0_5a64ce5b132ce1a94308bb6a4d820e64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, паноҳандагон, қонунӣ, муҳоҷирон, теъдод
тоҷикистон, афғонистон, паноҳандагон, қонунӣ, муҳоҷирон, теъдод
Абдумусаввир Баҳодурӣ: “Ин ҷо Афғонистон нест, Тоҷикистон аст”
Райиси як созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон ихроҷи як теъдод аз паноҳандагони кишварашро қонунӣ хонд
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Расонаҳо аз ихроҷи 9 то 200 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки касеро ихроҷ накардааст.
Абдумусаввир Баҳодурӣ, роҳбари ҷамъияти "Ориёно", созмони муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, бархӯрди шадиди мақомоти Тоҷикистон ба бархе аз шаҳрвандони Афғонистон қонунӣ аст ва реша дар надонистани қавонини ин кишвар аз сӯи муҳоҷирин дорад.
“Муҳоҷироне, ки солҳо ба ин сӯ дар Тоҷикистонанд, қонуну қоидаҳои будубошро медонанд. Аммо онҳое, ки тоза вориди кишвар шудаанд, бахусус ҷавонон, огоҳӣ надоранд ва даст ба қонуншиканиҳо задаанд. Дар пайи муроҷиати созмони мо мақомоти Тоҷикистон як қатор маворидеро пешниҳод карданд, ки кас аз зикри онҳо шарм мекунад”, - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ.
Роҳбари ҷамъияти "Ориёно", ки худ ҳудуди 30 сол ба ин сӯ дар Тоҷикистон зиндагӣ дорад, мегӯяд, мавориди истифодаи ҳаб (“таблетка”)-у банг ва бархе кирдорҳои ғайриахлоқиву шабгардиҳо аз сӯи мақомот сабт шуда, ки мӯҷиби муҷозоти афроди гунаҳкор шудааст.
“Масалан, дар шаҳри Ваҳдат, ки теъдоди қобили мулоҳизаи муҳоҷирини Афғонистон зиндагӣ мекунад, истифодаи “таблетка” қариб ки вуҷуд надошта, аммо аз сӯи муҳоҷирини мо ривоҷ дода шудааст. Бархе ҳам вақте боздошт мешаванд, дар киса “таблетка” – ву банг доштаанд. Онҳо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ин ҷо Тоҷикистон аст, на Афғонистон, ки ҳар коре дилат хоҳад анҷом диҳӣ", - гуфт Абдумусаввир Баҳодурӣ
Вай илова кард, ки азбаски Афғонистон як кишвари хатарнок аз лиҳози терроризм ба шумор меравад, мақомоти Тоҷикистон ҳам маҷбуранд тадобири худро барои амнияти кишварашон гиранд.
Қаблан расонаҳои мухталиф аз ихроҷи 9 то 200 шаҳрванди Тоҷикистон тайи як барномае аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки фақат 29 шаҳрванди Афғонистонро ба маблағҳои мухталиф ҷарима кардааст ва ҳеҷ як аз онҳоро ихроҷ накардааст.
Тоҷикистон солҳо ба ин сӯ барои аксари шаҳрвандони Афғонистон ҳамчун кишваре барои сафар ба кишвари зисти доимӣ дар Амрикову Аврупо будааст. Дар ин миён ҳазорон нафар тариқи барномаи Созмони Милали Муттаҳид пас аз дарёфти ҳаққи иқомат дар кишварҳои хориҷӣ Тоҷикистонро тарк кардаанд.