https://sputnik.tj/20220929/muhojir-afghon-hafta-eron-ikhroj-1051757187.html
Беш аз панҷ ҳазор муҳоҷири афғон тайи як ҳафта аз Эрон ихроҷ шудаанд
Беш аз панҷ ҳазор муҳоҷири афғон тайи як ҳафта аз Эрон ихроҷ шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Манобеи маҳалӣ дар вилояти Нимрӯз мегӯянд, ки дар тайи як ҳафтаи гузашта, беш аз панҷ ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ихроҷ шудаанд
2022-09-29T14:35+0500
2022-09-29T14:35+0500
2022-09-29T14:35+0500
афғонистон
эрон
гузаргоҳ
ихроҷ
паноҳҷӯён
муҳоҷир
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/30/1028213005_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_42871a42c6e5d0ec435a1ecc252bed22.jpg
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар як ҳафтаи гузашта панҷ ҳазору 363 тан аз муҳоҷирони афғон аз Эрон ихроҷ ва вориди кишвар шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ҳашти субҳ”.Тибқи иттилои манбаъ, аз ин миён чаҳор ҳазору 948 тан аз ба шумули хониводаҳо ва афроди муҷаррад аз марзи Пули Абрешим ва 415 тани дигар аз марзи Ислом Қалъаи вориди кишвар шудаанд.Пас аз тасаллути толибон ва афзоиши танишҳои марзӣ Эрони ихроҷи муҳоҷирони афғонро шиддат бахшида аст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати муҳоҷирони давлати толибон аз Созмони Милал дархост кард, ки ба чолишҳои паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар ба гунаи ҷиддӣ расидагӣ кунанд.Халилурраҳмони Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирони Афғонистон дар маросиме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон гуфт, ки бо паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар бархӯрди нодуруст мешавад.Созмони афви байналмилал низ эълом кард, ки буҳрони паноҳҷӯёни Афғонистон яке аз бузургтарин ва тӯлонитарин буҳронҳо дар ҷаҳон аст.Ин созмон дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳндагон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ки бозгашти иҷбории паноҳндагони Афғонистонро аз кишварҳои ҳамсоя таваққуф диҳад.Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ беш аз ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон ба иллати даргириҳо, хушунат ва фақр маҷбур ба тарки хона ва кишвари худ шудаанд, ки бештари ин шаҳрвандон дар Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Малайзия ва Туркия муҳоҷир ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220928/nabil-mudokhiloti-hamsoyagon-baroi-afghoniston-fojeabor-bud--1051737978.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/30/1028213005_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_43590ff047074d5b26f0bfc10312c2f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, муҳоҷирон, афғон, ихроҷ, эрон, нимрӯз, гузаргоҳ, марз
афғонистон, муҳоҷирон, афғон, ихроҷ, эрон, нимрӯз, гузаргоҳ, марз
Беш аз панҷ ҳазор муҳоҷири афғон тайи як ҳафта аз Эрон ихроҷ шудаанд
Манобеи маҳалӣ дар вилояти Нимрӯз мегӯянд, ки дар тайи як ҳафтаи гузашта, беш аз панҷ ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ихроҷ шудаанд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар як ҳафтаи гузашта панҷ ҳазору 363 тан аз муҳоҷирони афғон аз Эрон ихроҷ ва вориди кишвар шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ҳашти субҳ”.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин миён чаҳор ҳазору 948 тан аз ба шумули хониводаҳо ва афроди муҷаррад аз марзи Пули Абрешим ва 415 тани дигар аз марзи Ислом Қалъаи вориди кишвар шудаанд.
Пас аз тасаллути толибон ва афзоиши танишҳои марзӣ Эрони ихроҷи муҳоҷирони афғонро шиддат бахшида аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати муҳоҷирони давлати толибон аз Созмони Милал дархост кард, ки ба чолишҳои паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар ба гунаи ҷиддӣ расидагӣ кунанд.
Халилурраҳмони Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирони Афғонистон дар маросиме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон гуфт, ки бо паноҳҷӯёни Афғонистон дар кишварҳои дигар бархӯрди нодуруст мешавад.
Созмони афви байналмилал низ эълом кард, ки буҳрони паноҳҷӯёни Афғонистон яке аз бузургтарин ва тӯлонитарин буҳронҳо дар ҷаҳон аст.
Ин созмон дар баёнияе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии паноҳндагон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста буд, ки бозгашти иҷбории паноҳндагони Афғонистонро аз кишварҳои ҳамсоя таваққуф диҳад.
Бар асоси оморҳои ҷаҳонӣ беш аз ҳафт миллион шаҳрванди Афғонистон ба иллати даргириҳо, хушунат ва фақр маҷбур ба тарки хона ва кишвари худ шудаанд, ки бештари ин шаҳрвандон дар Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Малайзия ва Туркия муҳоҷир ҳастанд.