https://sputnik.tj/20220928/tolibon-nigaronihoi-amniyatii-tojikiston-bejost-1051719098.html
Посухи толибҳо ба нигарониҳои Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона ба Тоҷикистон
Посухи толибҳо ба нигарониҳои Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи ҳукумати муваққати толибон дар нишасти матбуотии ахири худ нигарониҳои Тоҷикистон аз вазъияти амниятии Афғонистонро беҷо донист
2022-09-28T09:00+0500
2022-09-28T09:00+0500
2022-09-28T13:20+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
амният ва мудофиа
нигаронӣ
забеҳуллоҳ муҷоҳид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042127640_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_34ec673f8d16d97138c2194c0d9ae9da.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазъияти амниятии Афғонистон барои ҳамсоягон ҷойи нигаронӣ надорад, иттилоъ дод сомонаи “Парс Тудей” аз қавли сухангӯи давлати муваққати толибҳо Забиҳуллоҳи Муҷоҳид. Оқои Муҷоҳид, эълом кард, ки толибон иҷоза нахоҳанд дод ки аз хоки Афғонистони зиди кишвари дигаре истифода сурат гирад.Муҷоҳид изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон нигарониашанро аз наздик бо толибҳо дар миён гузорад. Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ахиран дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, Афғонистон ба суръат ба паноҳгоҳи террористҳо ва макони амни ифротигароии радикалии Толибон дар минтақа табдил мешавад.“Мо шоҳиди кори систематикӣ ҳастем, ки бар асоси он ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шимоли Афғонисон интиқол дода мешаванд ва ҳадафи он эҷоди бистари нави танишҳо дар наздикии марзҳои мо аст”, - гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.Дипломати тоҷик бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон, зарурати таҳкими ҳифзи марз бо ин кишварро муҳим хонда буд. Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунон толибонро муттаҳам кард ки хости кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳониро дар робита ба эҷоди як ҳукумати ҳамашумул нодида гирифтааст.Пеш аз ин, нахуствазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ дар маҷмаи умумии СММ гуфта буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронанд.Суханоне, ки вокуниши шадиди мақомдорони ҷадиди Афғонистонро ба дунбол дошт ва ба шиддат онро маҳкум карданд.
https://sputnik.tj/20220916/nigaroniirahmon-terrorist-afghoniston-1051453584.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042127640_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_a097e634ad25615593a641d5d5f4a760.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, амният, толибон, нигаронӣ, беҷост, вазъият, сухангӯи толибон, забиҳуллоҳ муҷоҳид
тоҷикистон, афғонистон, амният, толибон, нигаронӣ, беҷост, вазъият, сухангӯи толибон, забиҳуллоҳ муҷоҳид
Посухи толибҳо ба нигарониҳои Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона ба Тоҷикистон
09:00 28.09.2022 (Навсозишуда: 13:20 28.09.2022) Сухангӯи ҳукумати муваққати толибҳо нигарониҳои Тоҷикистон аз вазъияти амниятии Афғонистонро беҷо дониста, хостааст ин масоил бевосита бо онҳо баррасӣ шаванд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазъияти амниятии Афғонистон барои ҳамсоягон ҷойи нигаронӣ надорад, иттилоъ дод сомонаи
“Парс Тудей” аз қавли сухангӯи давлати муваққати толибҳо Забиҳуллоҳи Муҷоҳид.
Оқои Муҷоҳид, эълом кард, ки толибон иҷоза нахоҳанд дод ки аз хоки Афғонистони зиди кишвари дигаре истифода сурат гирад.
"Мо инро рад мекунем, ки Худои нохостаи кадом гуруҳи террористӣ дар Афғонистон ҷо мегирад ва ё аз хоки Афғонистон зидди касе истифода хоҳад шуд . Мо ин итминонро додем. Ин нигаронии Тоҷикистон беҷост", - афзуд ӯ.
Муҷоҳид изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон нигарониашанро аз наздик бо толибҳо дар миён гузорад.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ахиран дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, Афғонистон ба суръат ба паноҳгоҳи террористҳо ва макони амни ифротигароии радикалии Толибон дар минтақа табдил мешавад.
“Мо шоҳиди кори систематикӣ ҳастем, ки бар асоси он ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шимоли Афғонисон интиқол дода мешаванд ва ҳадафи он эҷоди бистари нави танишҳо дар наздикии марзҳои мо аст”, - гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Дипломати тоҷик бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон, зарурати таҳкими ҳифзи марз бо ин кишварро муҳим хонда буд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунон толибонро муттаҳам кард ки хости кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳониро дар робита ба эҷоди як ҳукумати ҳамашумул нодида гирифтааст.
Пеш аз ин, нахуствазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ дар маҷмаи умумии СММ гуфта буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон нигаронанд.
Суханоне, ки вокуниши шадиди мақомдорони ҷадиди Афғонистонро ба дунбол дошт ва ба шиддат онро маҳкум карданд.