Пешниҳоди ширкатҳои сохтмонӣ ба вазири меҳнат барои ҷалби кормандон ба сохтмони НБО Роғун

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ба вазири меҳнати Тоҷикистон дар бораи истифодаи роҳҳои дигари ҷалби кормандон ба сохтмони НБО Руғун пешниҳодҳо карданд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” доир ба шароитҳои кор, ҳавасмандкунӣ ва истифодаи роҳҳои дигари ҷалби кормандон ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода, пешниҳодҳо манзур карданд.
Дар ин бора иттилои додааст дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ин пешнниҳодҳо зимни дидору мулоқоти вазири меҳнат бо намояндагони ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун”баррасӣ шуданд.
Строительство Рогунской гидроэлектростанции на реке Вахш 1983 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
“НБО Роғун” коргар меҷӯяд: Маълум шуд дар сохтмони нерӯгоҳ кадом мутахассис лозим аст
Ширин Амонзода, вазири меҳнат талаботи пудратчиёни ҶСК “НБО Роғун” ба мутахассисон, ҷалб намудани корҷӯён ва ҳавасмандкунии кормандонро зимни мулоқот бо намояндагони корфармо баррасӣ карда, барои омода намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои мавриди талабот дар НБО Роғун ба масъулини соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон супоришҳои мушаххас доданд.
“Доир ба зарурати бознигарии механизми ҷалби кормандон дар баробари баргузории ярмаркаҳо ҷиҳати ба таври муташаккилона ҷалб намудани корҷӯён дар ҳамкорӣ бо кордиҳанда ибрози назар карда шуд”,- таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо назардошти баррасии масъала роҳандозии ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар якҷоягӣ бо корфармоён ба нақша гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар пойтахти кишвар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, баргузор шуд, ки дар он ширкати сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” барои корҷӯён беш аз 2700 ҷойи кори холӣ пешниҳод кард.
Лентаи хабарҳо
0