Кумаки Ҳизби ҳоким ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ

© Пресс-служба администрации Согдийской областиГуманитарная помощь жителям Согда
Гуманитарная помощь жителям Согда   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Деваштич ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik .Аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич ба сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара, кумак расонида ба онҳо миқдори зиёд молҳои хоҷагӣ, аз ҷумла гилем, кӯрпаву кӯрпача, болишт, дег, зарфҳои гуногунҳаҷм, либосҳои кӯдакона кумак расониданд, иттилоъ додааст КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки аъзоёни ҳизб ба сокинони зарардида маводи хӯрока, аз қабили зиёда аз 1 тонна картошка, сабзӣ, биринҷ, орд, пиёз, макарон, шириниҳо ва равғани растанӣ тақсим карданд.
Таъкид шудааст, ки бо расонидани кумаки моддӣ ҲХДТ ҳамраъии худро ба зарардидагони шаҳри Исфара дар муноқишаҳои сарҳадӣ изҳор намуданд.
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
Кумакҳоро шахсан раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, ҳамроҳ бо роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Равшаной Мамурзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҷамоати Чоркўҳ Савриддин Раҷабов ба сокинони маҳаллаи Сомониён супориданд.
Зуфар Исмоилзода сокинони маҳалларо ба таҳаммулпазирӣ даъват карда изҳор кард, ки дар ҳамаи ҳолатҳо онҳо ҳамеша дар паҳлӯи онҳо мебошанд.
“Ҳамеша омода ҳастанд, ки онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ намоянд”, - гуфт Зуфар Исмоилзода.
Лентаи хабарҳо
0