https://sputnik.tj/20220923/rasulzoda-marz-fotihakhoni-payom-rahmon-aks-1051618956.html
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон дар хонаи қурбониёни даргирии ахир дар марз бо Қирғизистон, ки аз зарбаи нерӯҳои кишвари ҳамсоя кушта шудаанд, фотиҳа хонд
2022-09-23T09:46+0500
2022-09-23T09:46+0500
2022-09-23T09:49+0500
дар тоҷикистон
марз
даргирӣ
қурбонӣ
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051616617_0:43:823:506_1920x0_80_0_0_df708d65b76766e6d5ed412ca01e0e63.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз навоҳии марзии ҷумҳурӣ, ки ахиран мавриди зарбаи Қирғизистон қарор гирифтаанд, боздид кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дод. Манбаъ мегӯяд, сарвазир ба манзили қурбониёни даргирии марзӣ рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расонидааст. Таъкид шудааст, ки ҳамчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба хонаи қурбониён рафта, ҳамдардии роҳбарияти кишварро расондаанд. Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо маҷруҳро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Феълан дар расонаю шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд. Расман ин рақам ҳолло таъйид нашудаст. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.
https://sputnik.tj/20220923/barqarorsozii-khonaho-khorobgashta-qirghiziston-1051616243.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051616617_46:0:777:548_1920x0_80_0_0_d2fe6c51641f4315a5ed14011d63efa1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фотиҳахонӣ, сарвазир, қурбониён, марз
фотиҳахонӣ, сарвазир, қурбониён, марз
Расулзода ба марз фотиҳахонӣ рафту паёми Раҳмонро расонд - акс
09:46 23.09.2022 (Навсозишуда: 09:49 23.09.2022) Сарвазири Тоҷикистон дар хонаи қурбониёни даргирии ахир дар марз бо Қирғизистон, ки аз зарбаи нерӯҳои кишвари ҳамсоя кушта шудаанд, фотиҳа хонд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз навоҳии марзии ҷумҳурӣ, ки ахиран мавриди зарбаи Қирғизистон қарор гирифтаанд, боздид кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дод.
Манбаъ мегӯяд, сарвазир ба манзили қурбониёни даргирии марзӣ рафта, фотеҳа хондаву изҳори ҳамдардии амиқи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро ба аҳли оила ва пайвандони онҳо расонидааст.

Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ

Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ

Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба хонаи қурбониён рафта, ҳамдардии роҳбарияти кишварро расондаанд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо маҷруҳро барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар шиддати даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад. Феълан дар расонаю шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд. Расман ин рақам ҳолло таъйид нашудаст.
Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.