Гарму ғуборолуд: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2022
Обуна шудан
Мавсими гармо дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар Душанбе ва навоҳии атрофи он аз 30 дараҷа боло, дар ВМКБ то 27, Хатлон - 28 ва Суғд 27дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон гарм, бебориш ва дар бархе аз минтақаҳо чанголуд хоҳад шуд, хабар додааст "Ховар" аз қавли Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа, рӯзона 22+27 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, шамол аз самти шарқ дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Мужчина под зонтом в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2022
Мавсими борон: Ҳавои октябр дар Тоҷикистон чун хоҳад буд?
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ камабри бебориш хоҳад буд. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавошиносон мегӯянд, дар Душанбе низ бориш дар назар набуда, чангу ғубори суст ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 29+31 дараҷа гарм мешавад, афзуд Агентӣ.
Лентаи хабарҳо
0