https://sputnik.tj/20220927/havo-oktyabr-tojikiston-1051694554.html
Мавсими борон: Ҳавои октябр дар Тоҷикистон чун хоҳад буд?
Мавсими борон: Ҳавои октябр дар Тоҷикистон чун хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавошиносони тоҷик тавзеҳ доданд, ки сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дар моҳи дуюми фасли тирамоҳ чӣ гуна ҳаво интизор хоҳад буд
2022-09-27T11:40+0500
2022-09-27T11:40+0500
2022-09-27T11:40+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
пешгӯӣ
октябр
гарм
сардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043317840_0:104:2656:1597_1920x0_80_0_0_52180664102257a979a0a30417e299f9.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюм пастшавии ҳарорату боронҳои шадид дар назаранд, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа боло дар назар буда, нимаи дуюм ба амал омадани боришот аз эҳтимол дур нест. Гармӣ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ гардида, дар водиҳо 15+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+14 дараҷа хоҳад шуд. Нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 19 ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд дар моҳи октябр ҳарорати меъёри иқлимӣ паст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Тавзеҳ дода шуд, ки дар водиҳо нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 17 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад. Таъкид гардидаст, ки боришот дар нимаи дуюми моҳ пешгӯӣ гардида, вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар аст. Ҳавошиносон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат дар моҳи октябр аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа боло дар назар буда, то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 11 ва рӯзона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳавою борони шиддаташ гуногун дар назар буда, шабона то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳото 11 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220721/toqaev-harorati-osiyo-markazi--1050163317.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043317840_0:0:2360:1770_1920x0_80_0_0_a38b3f1c4a444282964cbf6d1b49e1bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаво, тоҷикистон, борон, октябр, тирамоҳ
ҳаво, тоҷикистон, борон, октябр, тирамоҳ
Мавсими борон: Ҳавои октябр дар Тоҷикистон чун хоҳад буд?
Ҳавошиносони тоҷик тавзеҳ доданд, ки сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дар моҳи дуюми фасли тирамоҳ чӣ гуна ҳаво интизор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюм пастшавии ҳарорату боронҳои шадид дар назаранд, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа боло дар назар буда, нимаи дуюм ба амал омадани боришот аз эҳтимол дур нест.
Гармӣ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ гардида, дар водиҳо 15+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13+14 дараҷа хоҳад шуд. Нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 19 ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд дар моҳи октябр ҳарорати меъёри иқлимӣ паст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Тавзеҳ дода шуд, ки дар водиҳо нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 17 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Таъкид гардидаст, ки боришот дар нимаи дуюми моҳ пешгӯӣ гардида, вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар аст.
Ҳавошиносон мегӯянд, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат дар моҳи октябр аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа боло дар назар буда, то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 11 ва рӯзона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад.
Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳавою борони шиддаташ гуногун дар назар буда, шабона то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳото 11 дараҷа гарм мешавад.