https://sputnik.tj/20220927/toqaev-islohot-ikhtisor-prezidenti-tavzeh-1051712552.html
Тоқаев сабаби ислоҳоту ихтисори муҳлати президентиро тавзеҳ дод
Тоқаев сабаби ислоҳоту ихтисори муҳлати президентиро тавзеҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон дар мулоқот бо мардум дар вилояти Туркистон тавзеҳ дод, ки чаро барои коҳиши муҳлати президентӣ тасмим гирифт
2022-09-27T17:45+0500
2022-09-27T17:45+0500
2022-09-27T17:45+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
овоздиҳӣ
президент
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:6:1333:756_1920x0_80_0_0_77920acdab845d19a68a76ada1c635d4.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад. Ин нуктаро Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон зимни боздид аз вилояти Туркистон баён дошт. Вай дар шарҳи ихтисори даври президентӣ гуфт, гап дар сари он аст, ки раёсати ҷумҳуриро як нафар набояд муддати тӯлонӣ ишғол кунад. Вай таъкид намуд, ки бояд барои сиёсатмадорони софдилу боистеъдод роҳҳо кушода шаванд. Дар зимн Тоқаев изҳор дошт, ки дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад. Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт. Маврид ба зикр аст, ки Қосимҷомарт Тоқаев, президенти феълии Қазоқистон, бо имзои як фармон интихоботи зудҳангоми президентӣ дар кишварро рӯзи 20 ноябр таъйин намуд.Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.
https://sputnik.tj/20220901/toqaev-intikhobot-zudhangom-prezidenti-qazoqiston-1051091739.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698515_0:0:1333:1000_1920x0_80_0_0_46a88e15581c580b2659c13dedbdc0ad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев, муҳлат, президент,
тоқаев, муҳлат, президент,
Тоқаев сабаби ислоҳоту ихтисори муҳлати президентиро тавзеҳ дод
Раисҷумҳури Қазоқистон тавзеҳ дод, ки чаро барои коҳиши муҳлати президентӣ тасмим гирифт. Ӯ ислоҳоти гузарондаашро нодир дар минтақа унвон хонд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад.
Ин нуктаро Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон зимни боздид аз вилояти Туркистон баён дошт.
Вай дар шарҳи ихтисори даври президентӣ гуфт, гап дар сари он аст, ки раёсати ҷумҳуриро як нафар набояд муддати тӯлонӣ ишғол кунад.
"Хоҳ дар ҷаҳон ва чӣ дар кишвари мо, агар як нафар солҳои тӯлонӣ мақоми олиро ишғол кунад, ин вазъ ба кишвар ва раҳбари он шараф намеоварад", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки бояд барои сиёсатмадорони софдилу боистеъдод роҳҳо кушода шаванд.
Дар зимн Тоқаев изҳор дошт, ки дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.
Маврид ба зикр аст, ки Қосимҷомарт Тоқаев, президенти феълии Қазоқистон, бо имзои як фармон интихоботи зудҳангоми президентӣ дар кишварро рӯзи 20 ноябр таъйин намуд.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.
Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.