https://sputnik.tj/20220901/toqaev-intikhobot-zudhangom-prezidenti-qazoqiston-1051091739.html
Тоқаев аз интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон хабар дод
Тоқаев аз интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Қазоқистон мегӯяд, анъанаи сиёсӣ, ки мақомот нақшаҳои худро аз ҷомеа пинҳон медоштанд, бояд дар гузашта боқӣ монад ва барои мардум ҳама равшан бошад
2022-09-01T14:09+0500
2022-09-01T14:09+0500
2022-09-05T20:48+0500
қосим -жомарт тоқаев
қазоқистон
осиёи марказӣ
сиёсат
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698912_0:19:3073:1747_1920x0_80_0_0_6191a8de8daf7b9fbae15f612f1eaa4b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ ду сол пеш аз муҳлат баргузор мешавад.Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар эълон кард.Вай дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон паёми навбатии худро ба мардуми Қазоқистон ирсол намуда гуфт, ки интихоботи зудҳангоми президентӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад.Ӯ ҳамзамон дар паёми худ самтҳои афзалиятноки рушди ояндаи иҷтимоию иқтисодии кишварашро эълон кард. "Бисёр андеша кардам ва ба хулосае омадам, ки шумора ва мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро бознигарӣ кардан лозим аст. Ман тавсия медиҳам, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ бо як давраи 7 сол маҳдуд карда шавад. Аммо ширкати такрорӣ манъ аст", - гуфт ӯ.Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонунгузории феълии Қазоқистон, президенти кишвар ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Як шахс наметавонад зиёда аз ду маротиба паиҳам президент бошад. Интихоботи навбатии президентӣ бояд соли 2024 ва интихоботи парлумонӣ соли 2025 баргузор шавад.Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд. Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,96 дарсади оро пирӯз шуд.
https://sputnik.tj/20220606/toqaev-ziddi-inhisori-guruhii-manobe-ast-1048982751.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044698912_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1c817736cf87e816d81c756a98361c6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев интихобот зудҳангом президент қазоқистон
тоқаев интихобот зудҳангом президент қазоқистон
Тоқаев аз интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон хабар дод
14:09 01.09.2022 (Навсозишуда: 20:48 05.09.2022) Президенти Қазоқистон мегӯяд, анъанаи сиёсӣ, ки мақомот нақшаҳои худро аз ҷомеа пинҳон медоштанд, бояд дар гузашта боқӣ монад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ ду сол пеш аз муҳлат баргузор мешавад.
Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар эълон кард.
Вай дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон паёми навбатии худро ба мардуми Қазоқистон ирсол намуда гуфт, ки интихоботи зудҳангоми президентӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад.
"Барои ман манфиатҳои давлат аз ҳама болотар аст. Аз ин рӯ, омодаам, ки мӯҳлати ваколатамро кӯтоҳ карда, ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ равам", — гуфт Тоқаев.
Ӯ ҳамзамон дар паёми худ самтҳои афзалиятноки рушди ояндаи иҷтимоию иқтисодии кишварашро эълон кард.
"Бисёр андеша кардам ва ба хулосае омадам, ки шумора ва мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро бознигарӣ кардан лозим аст. Ман тавсия медиҳам, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ бо як давраи 7 сол маҳдуд карда шавад. Аммо ширкати такрорӣ манъ аст", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи қонунгузории феълии Қазоқистон, президенти кишвар ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Як шахс наметавонад зиёда аз ду маротиба паиҳам президент бошад.
Интихоботи навбатии президентӣ бояд соли 2024 ва интихоботи парлумонӣ соли 2025 баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.
Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,96 дарсади оро пирӯз шуд.