https://sputnik.tj/20220213/surat-telefon-surud-damirbek-milisa-video-1045806497.html
Бо суръати 100 ва телефон, вале бе сархушӣ: шоҳидии ҳамроҳи Дамирбек ба милиса - видео
Бо суръати 100 ва телефон, вале бе сархушӣ: шоҳидии ҳамроҳи Дамирбек ба милиса - видео
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз ҳамроҳони Дамирбек Олимов, ки дар шаби садамаи маргбор ҳамроҳаш буд, изҳор дошт, ки овозхон сархуш набуд
2022-02-13T10:43+0500
2022-02-13T10:43+0500
2022-02-14T17:57+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
садама
нақлиёт
роҳ
суръат
дамирбек олимов
телефон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520359_0:34:922:553_1920x0_80_0_0_f654281ae054a76afdb89c7cfd95f0ef.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев— Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд видеои суҳбати яке аз ҳамроҳони Дамирбек Олимовро нашр кардааст, ки ҳаводиси шаби садамаи маргборро баён доштааст. Бар асоси ин видео, ҳамроҳи Дамирбек Олимов дар шаби садама аз бистари беморхона ба милиса шоҳидӣ додааст, ки овозхон бо суръати тақрибан 100 километр дар як соат ҳаракат мекард ва сархӯш набуд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон зикр намуданд, ки ҳодиса 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00 рух дода, дар натиҷа ронанда Дамирбек Олимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 мусофираш дар беморхона бистарӣ гардиданд. Дар ҳоле ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи садамаи маргбори овозхон идома дорад, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои сар задани ин садамаро баён доштанд. Аз ҷумла онҳо дар мавриди эҳтимоли маст будани ронанда суҳбат карданд, ки шоҳиди ҳодиса ин фарзияро рад намуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520359_0:0:922:692_1920x0_80_0_0_e8b930de8c28b4d08f30eb62cdbc5343.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шоҳидӣ, ҳамроҳ, дамирбек, милиса, садама
шоҳидӣ, ҳамроҳ, дамирбек, милиса, садама
Бо суръати 100 ва телефон, вале бе сархушӣ: шоҳидии ҳамроҳи Дамирбек ба милиса - видео
10:43 13.02.2022 (Навсозишуда: 17:57 14.02.2022) Яке аз ҳамроҳони Дамирбек Олимов, ки дар шаби садамаи маргбор ҳамроҳаш буд, изҳор дошт, ки овозхон сархуш набуд
ДУШАНБЕ, 13 фев— Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд видеои суҳбати яке аз ҳамроҳони Дамирбек Олимовро нашр кардааст, ки ҳаводиси шаби садамаи маргборро баён доштааст.
Бар асоси ин видео, ҳамроҳи Дамирбек Олимов дар шаби садама аз бистари беморхона ба милиса шоҳидӣ додааст, ки овозхон бо суръати тақрибан 100 километр дар як соат ҳаракат мекард ва сархӯш набуд.
"Шабнишинӣ буд, аз тарафи Қайроқум омадем. Дар телефон суруд монда буданд. Суръати ҳаракат тақрибан 100 буд. Он кас нӯшидагӣ набуд", - изҳор дошт ҳамроҳи Дамирбек.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон зикр намуданд, ки ҳодиса 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00 рух дода, дар натиҷа ронанда Дамирбек Олимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 мусофираш дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Дар ҳоле ки мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи садамаи маргбори овозхон идома дорад, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои сар задани ин садамаро баён доштанд. Аз ҷумла онҳо дар мавриди эҳтимоли маст будани ронанда суҳбат карданд, ки шоҳиди ҳодиса ин фарзияро рад намуд.