https://sputnik.tj/20220925/dushanbe-hamla-afghoniston-tojikiston-1051658748.html
Нигаронии Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Нигаронии Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон умед дорад, ки барои ҳифзи марзҳои ҷанубии худ аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон кумакҳои низомӣ ва фаннӣ мегирад 25.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-25T12:40+0500
2022-09-25T12:40+0500
2022-09-25T12:40+0500
дар тоҷикистон
марз
афғонистон
амният ва мудофиа
сироҷиддин муҳриддин
ҳифз
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/08/1027220847_0:312:3001:2000_1920x0_80_0_0_cc29395390ad3352a7727992ed150d72.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба як паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни тундгарои толибҳо қарор дорад. Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт."Гузашта аз ин, мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст", - гуфт ӯ.Вай афзуд, ихтилофи назарҳо ва зиддиятҳои дохилии толибҳою зуҳури гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи изофӣ, аз ҷумла ДОИШ*-Хуросон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, вазъи амниятии Афғонистон боз ҳам ҳассостар мегардонад. Гузашта аз ин, ноуҳдабароии толибҳо дар мавриди назорати ҷангҷӯёни худ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки толибҳо бо онҳо робитаи наздик доранд, вазъи бе ин ҳам мураккабро боз ҳам печидатар кардааст, изҳор дошт ӯ. Дипломати тоҷик бо тасвири вазъи нигаронкунандаю зикри 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон муҳим хонд, ки ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон тақвият бахшида шаваду инфрасохтори зарурӣ дар саросари он бунёд гардад. Вай изҳори умед кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ ба Тоҷикистон барои ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона кумакҳои низомӣ ва фаннӣ мерасонад.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20220916/nigaroniirahmon-terrorist-afghoniston-1051453584.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102722/08/1027220847_122:0:2789:2000_1920x0_80_0_0_f6b6a11f63194f205609116fe1fd290b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, марз, афғонистон, амният ва мудофиа, сироҷиддин муҳриддин, ҳифз, толибон
дар тоҷикистон, марз, афғонистон, амният ва мудофиа, сироҷиддин муҳриддин, ҳифз, толибон
Нигаронии Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Тоҷикистон умед дорад, ки барои ҳифзи марзҳои ҷанубии худ аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон кумакҳои низомӣ ва фаннӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба як паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни тундгарои толибҳо қарор дорад.
Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.
"Гузашта аз ин, мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ихтилофи назарҳо ва зиддиятҳои дохилии толибҳою зуҳури гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи изофӣ, аз ҷумла ДОИШ*-Хуросон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, вазъи амниятии Афғонистон боз ҳам ҳассостар мегардонад.
Гузашта аз ин, ноуҳдабароии толибҳо дар мавриди назорати ҷангҷӯёни худ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки толибҳо бо онҳо робитаи наздик доранд, вазъи бе ин ҳам мураккабро боз ҳам печидатар кардааст, изҳор дошт ӯ.
Дипломати тоҷик бо тасвири вазъи нигаронкунандаю зикри 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон муҳим хонд, ки ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон тақвият бахшида шаваду инфрасохтори зарурӣ дар саросари он бунёд гардад.
Вай изҳори умед кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ ба Тоҷикистон барои ҳифзи марзҳои ҷанубии кишвар аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона кумакҳои низомӣ ва фаннӣ мерасонад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия