https://sputnik.tj/20220927/bino-donishkadai-davlati-zabonho-tojikiston-1051691146.html
Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи забонҳо аз сӯи Раҳмон дар Душанбе
Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи забонҳо аз сӯи Раҳмон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки феълан Донишкадаи давлатии забонҳои ҶТ дар чӣ ҳол қарор дораду кӣ дарс медиҳаду кӣ таҳсил долрад 27.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-27T10:40+0500
2022-09-27T10:40+0500
2022-09-27T10:40+0500
дар тоҷикистон
маориф
забон
таҳсил
донишкадаи забонҳои тоҷикистон
бино
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047678036_124:338:1817:1290_1920x0_80_0_0_0cf19fd4b87c55494944831ee8181911.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзодаро дар Душанбе ифтитоҳ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иншооти нав аз 3 бинои 5-ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1430 нафар донишҷӯй дар як баст лоиҳабандӣ шудааст.Таъкид шуд, ки президенти мамлакат бо шароити муосири донишомӯзӣ дар донишкада шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод. Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 ҳамчун Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфт.Иттилоъ дода шудаст, ки феълан муассиса дар доираи 5 факултет - филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 31 ихтисос мутахассисон аз рӯйи 11 забон дар самтҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ дар зинаи бакалавриат омода мекунад. "Дар шуъбаи рӯзона ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1796 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 1560 нафар духтар ва дар маҷмӯъ 4999 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 3573 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд", - афзуд манбаъ. Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки дар муассиса аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони асосӣ 80 нафарашон устодони дорои дараҷаи илмӣ, 10 нафар доктори илм ва 70 нафар номзадҳои илм мебошанд.Таъкид гардидаст, ки барои баланд бардоштани савияи дониши забондонии донишҷӯёни Донишкада аз 21 кишвар омӯзгорони соҳибзабон барои кор ва фаъолият ҷалб гардиданд, ки 213 нафарро ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220922/tojikiston-ustodonu-donishomuzon-zabondon-1051597460.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0f/1047678036_295:358:1637:1365_1920x0_80_0_0_2ad39da18f6663b5c9828bb607cd917f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, забон, таҳсил, донишкадаи забонҳои тоҷикистон, бино, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, маориф, забон, таҳсил, донишкадаи забонҳои тоҷикистон, бино, эмомалӣ раҳмон
Ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи забонҳо аз сӯи Раҳмон дар Душанбе
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки феълан Донишкадаи давлатии забонҳои ҶТ дар чӣ ҳол қарор дораду кӣ дарс медиҳаду кӣ таҳсил долрад
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзодаро дар Душанбе ифтитоҳ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иншооти нав аз 3 бинои 5-ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1430 нафар донишҷӯй дар як баст лоиҳабандӣ шудааст.
Таъкид шуд, ки президенти мамлакат бо шароити муосири донишомӯзӣ дар донишкада шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дод.
Зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 ҳамчун Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфт.
"Бори аввал ба Донишкада донишҷӯён соли 1980 қабул гардиданд, ки шумораи онҳо 525 нафарро ташкил медод. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ шумораи донишҷӯён рӯз аз рӯз боло рафта истода, айни ҳол ба 5100 нафар расидааст", - омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода шудаст, ки феълан муассиса дар доираи 5 факултет - филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 31 ихтисос мутахассисон аз рӯйи 11 забон дар самтҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ дар зинаи бакалавриат омода мекунад.
"Дар шуъбаи рӯзона ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1796 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 1560 нафар духтар ва дар маҷмӯъ 4999 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 3573 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд", - афзуд манбаъ.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки дар муассиса аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони асосӣ 80 нафарашон устодони дорои дараҷаи илмӣ, 10 нафар доктори илм ва 70 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Таъкид гардидаст, ки барои баланд бардоштани савияи дониши забондонии донишҷӯёни Донишкада аз 21 кишвар омӯзгорони соҳибзабон барои кор ва фаъолият ҷалб гардиданд, ки 213 нафарро ташкил медиҳанд.