https://sputnik.tj/20220927/donishkada-tojikiston-donishgoh-baynalmilali-1051694053.html
Боз як донишкадаи дигар дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ мешавад
Боз як донишкадаи дигар дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барои таҳияи заминаҳои табдили боз як донишкадаи дигар дар Тоҷикистон ба донишгоҳи байналмилалӣ ба Вазорати маорифу идораҳои дигар 3 моҳ муҳлат дода шуд
2022-09-27T11:11+0500
2022-09-27T11:11+0500
2022-09-27T11:11+0500
дар тоҷикистон
донишкада
донишгоҳ
эмомалӣ раҳмон
донишкадаи забонҳои тоҷикистон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101651/74/1016517402_0:102:1600:1002_1920x0_80_0_0_f2764f46ce2108cd4ea9de91a69ba556.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон муаассисаи ҷадид таҳти унвони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода арзи ҳастӣ хоҳад кард. Ин пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар баён дошт. Ӯ гуфт, бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.Вай афзуд, ки барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, то ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандон ҳарчи камтар гардад.Дар сурати амалӣ шудан, ин дуюмин донишкада дар соли равон хоҳад буд, ки ба донишгоҳи байналмилалӣ табдил хоҳад шуд. Аввали соли равон бо қарори ҳукумат, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории кишвар табдил ёфта буд.
https://sputnik.tj/20220927/bino-donishkadai-davlati-zabonho-tojikiston-1051691146.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101651/74/1016517402_66:0:1535:1102_1920x0_80_0_0_5f0221858f4cf56da56b2755ca879060.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъсис, донишгоҳ, байналмилӣ, тоҷикистон
таъсис, донишгоҳ, байналмилӣ, тоҷикистон
Боз як донишкадаи дигар дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ мешавад
Барои таҳияи заминаҳои табдили боз як донишкадаи дигар дар Тоҷикистон ба донишгоҳи байналмилалӣ ба Вазорати маорифу идораҳои дигар 3 моҳ муҳлат дода шуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон муаассисаи ҷадид таҳти унвони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода арзи ҳастӣ хоҳад кард.
Ин пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар баён дошт.
Ӯ гуфт, бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.
"Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд", - таъкид намуд Раҳмон.
Вай афзуд, ки барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, то ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандон ҳарчи камтар гардад.
Дар сурати амалӣ шудан, ин дуюмин донишкада дар соли равон хоҳад буд, ки ба донишгоҳи байналмилалӣ табдил хоҳад шуд.
Аввали соли равон бо қарори ҳукумат, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории кишвар табдил ёфта буд.