Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳои дуҷониба миёни корхонаҳои истеҳсолиро тақвият медиҳанд

© МИД ТаджикистанОбсуждения сотрудничества между Таджикистаном и Белоруссии
Обсуждения сотрудничества между Таджикистаном и Белоруссии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
Дар пойтахти кишвари Беларус рушди ҳамкории дуҷониба миёни корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе ва Минск баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар Минск дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус баррасӣ шуд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Ин масъала дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Владимир Кухарёв баррасӣ шуд.
Вазорат хабар додааст, ки дар ҷараёни мулоқот раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ миёни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2022
Лукашенко: Мухолифин мехоҳанд дар Беларус боз як Украинаи дигар созанд
Ёдовар мешавем, ки 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск миёни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома миёни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.
Дар маҷмӯъ байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0