https://sputnik.tj/20220920/lukashenko-mukholifin-belarus-ukrainai-1051550442.html
Лукашенко: Мухолифин мехоҳанд дар Беларус боз як Украинаи дигар созанд
Лукашенко: Мухолифин мехоҳанд дар Беларус боз як Украинаи дигар созанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Беларус ахиран дар бораи хоҳиши мухолифин гуфт онҳо мехоҳанд аз Беларус боз як Украинаи дигар созанду узви НАТО шаванд
2022-09-20T15:05+0500
2022-09-20T15:05+0500
2022-09-20T19:50+0500
александр лукашенко
беларус
мухолифин
украина
муноқиша
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049702996_0:0:3131:1762_1920x0_80_0_0_762bbd300b0001cf31d78c5205f35a06.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Мухолифон мехоҳанд ҳукуматро дар Беларус сарнагун ва аз ин кишвар "Украинаи нав" созанду узви НАТО шаванд, гуфт раисҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко дар мулоқот бо котиби давлатии Шӯрои амнияти кишвараш Александр Волфович.“Ман торафт бештар маълумот мегирам, ки он фирориён ва хешовандонашон дар ин ҷо ором хобидаанд, истироҳат мекунанд; имрӯз онҳо тиҷорат мекунанд ва мустақиман мегӯянд, ки ин ҷо, мо ҳоло каме пул ҷамъ мекунем, баъд мо дар ин ҷо Буча ташкил мекунем. Дар Украина аллакай полк ё баталионҳо ташкил карда шудаанд, ки на танҳо мехоҳанд ҳукуматҳоро сарнагун кунанд, балки мехоҳанд Беларусро канда ва онро узви НАТО кунанд. Боз мехоҳанд дар ин ҷо Украинаи нав бунёд кунанд. Ин ғайри қобили қабул аст. Ман дар ин бора самимона ва ошкоро мегӯям. Чун мардум бидонанд", - гуфт Лукашенко.Александр Лукашенко таъкид кард, ки набояд таваҷҷуҳро кам кунем ва ҳодисаҳои соли 2020 дар Беларусро аз ёд барорем."Мо ором буда наметавонем. Мо ҳам дар ин дег ҳастем. Ба мо намегузоранд, ки оромона зиндагӣ кунем. Ба мо ҳамеша аз ҳар тараф фишор меоранд. Ва мухолифин - душмананд. Бубинед, инҳо аллакай душмананд, агар нафаҳманд, ки дар атроф чӣ ҳодиса рӯй медиҳад ва дар ин ҷо мушкилот эҷод мекунанд”, - гуфт ӯ."Онҳо ҳамеша ин суолҳоро ба мо печида, шарҳ медиҳанд ва мехоҳанд моро ба ҷавбгарӣ кашанд. Дар вақти лозима, боз мардумро пора-пора менамоянду, бомбаборону масхара мекунанд", - афзуд раҳбари Беларус.Пас аз интихоботи президентии 9 августи соли 2020 дар Беларус, ки бори шашум Александр Лукашенко, ки ба гуфтаи КМИ, 80,1 дарсади ороро ба даст оварда буд, дар ин кишвар тазоҳуроти мухолифин баргузор шуд, ки онро саркӯб карданд.Дар Белорус алайҳи теъдоде аз раҳбарони мухолифин парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220914/1051404101.html
беларус
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/03/1049702996_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_bbfc9906f65b8176ca3156cf3b3ec49a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белару, украина, лукашенк, мухолифин, нато, узвият
белару, украина, лукашенк, мухолифин, нато, узвият
Лукашенко: Мухолифин мехоҳанд дар Беларус боз як Украинаи дигар созанд
15:05 20.09.2022 (Навсозишуда: 19:50 20.09.2022) Раисҷумҳури Беларус ахиран дар бораи хоҳиши мухолифин гуфт, ки ба қавли ӯ, онҳо мехоҳанд аз Беларус боз як Украинаи дигар созанду узви НАТО шаванд
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Мухолифон мехоҳанд ҳукуматро дар Беларус сарнагун ва аз ин кишвар "Украинаи нав" созанду узви НАТО шаванд, гуфт раисҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко дар мулоқот бо котиби давлатии Шӯрои амнияти кишвараш Александр Волфович.
“Ман торафт бештар маълумот мегирам, ки он фирориён ва хешовандонашон дар ин ҷо ором хобидаанд, истироҳат мекунанд; имрӯз онҳо тиҷорат мекунанд ва мустақиман мегӯянд, ки ин ҷо, мо ҳоло каме пул ҷамъ мекунем, баъд мо дар ин ҷо Буча ташкил мекунем. Дар Украина аллакай полк ё баталионҳо ташкил карда шудаанд, ки на танҳо мехоҳанд ҳукуматҳоро сарнагун кунанд, балки мехоҳанд Беларусро канда ва онро узви НАТО кунанд. Боз мехоҳанд дар ин ҷо Украинаи нав бунёд кунанд. Ин ғайри қобили қабул аст. Ман дар ин бора самимона ва ошкоро мегӯям. Чун мардум бидонанд", - гуфт Лукашенко.
Александр Лукашенко таъкид кард, ки набояд таваҷҷуҳро кам кунем ва ҳодисаҳои соли 2020 дар Беларусро аз ёд барорем.
"Мо ором буда наметавонем. Мо ҳам дар ин дег ҳастем. Ба мо намегузоранд, ки оромона зиндагӣ кунем. Ба мо ҳамеша аз ҳар тараф фишор меоранд. Ва мухолифин - душмананд. Бубинед, инҳо аллакай душмананд, агар нафаҳманд, ки дар атроф чӣ ҳодиса рӯй медиҳад ва дар ин ҷо мушкилот эҷод мекунанд”, - гуфт ӯ.
"Онҳо ҳамеша ин суолҳоро ба мо печида, шарҳ медиҳанд ва мехоҳанд моро ба ҷавбгарӣ кашанд. Дар вақти лозима, боз мардумро пора-пора менамоянду, бомбаборону масхара мекунанд", - афзуд раҳбари Беларус.
Пас аз интихоботи президентии 9 августи соли 2020 дар Беларус, ки бори шашум Александр Лукашенко, ки ба гуфтаи КМИ, 80,1 дарсади ороро ба даст оварда буд, дар ин кишвар тазоҳуроти мухолифин баргузор шуд, ки онро саркӯб карданд.
Дар Белорус алайҳи теъдоде аз раҳбарони мухолифин парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.