https://sputnik.tj/20220919/ojonsi-korkhona-davlati-fasodkor-toza-dushanbe-1051511902.html
Оҷонсӣ як корхонаи давлатиро аз фасодкорон "тоза" мекунад: навбат ба Душанбе расид
Оҷонсӣ як корхонаи давлатиро аз фасодкорон "тоза" мекунад: навбат ба Душанбе расид
Sputnik Тоҷикистон
Боз як корманди идораи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” барои порагирӣ боздошт шуд. Дар сурати тасдиқи айбдорӣ ӯро ҷарима ва ё зиндон интизор аст
2022-09-19T11:05+0500
2022-09-19T11:05+0500
2022-09-19T13:10+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошт
порагирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_a29bf136725b511027a364eecd34c1b3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод мутахассиси КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро ин бор дар шаҳри Душанберо боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, корманди ин ниҳод Ҷ.С. бо иттиҳоми сӯистифодаи мансаб ва содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир шуд.Гуфта мешавад, ӯ дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, аз як нафар бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсияш истифода кардааст.Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест. Оҷонсӣ тайи ним сол бештар аз ҳама аз боздошти кормандони ин ниҳод хабар додааст.Қаблан ин ниҳод аксаран бо иттиҳоми ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин кормандон ва ҳатто роҳбарони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру навоҳии Ваҳдат, Варзоб, Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Б.Ғафуров, шаҳри Ҳисор ва ғайраро боздошт карда буд.
https://sputnik.tj/20220905/parvandai-jinoi-kormandi-shabakahoi-barqi-rudaki-1051184937.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_51cd77f3f3e36092a7da256a9c89b580.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оҷонсӣ корхона давлат фасодкорон "тоза"душанбе
оҷонсӣ корхона давлат фасодкорон "тоза"душанбе
Оҷонсӣ як корхонаи давлатиро аз фасодкорон "тоза" мекунад: навбат ба Душанбе расид
11:05 19.09.2022 (Навсозишуда: 13:10 19.09.2022) Боз як корманди идораи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” барои порагирӣ боздошт шуд. Дар сурати тасдиқи айбдорӣ ӯро ҷарима ва ё зиндон интизор аст
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод мутахассиси КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро ин бор дар шаҳри Душанберо боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди ин ниҳод Ҷ.С. бо иттиҳоми сӯистифодаи мансаб ва содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир шуд.
Гуфта мешавад, ӯ дар вазифаи мутахассиси шуъбаи №1 Раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръӣ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе кор карда, аз як нафар бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсияш истифода кардааст.
Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест. Оҷонсӣ тайи ним сол бештар аз ҳама аз боздошти кормандони ин ниҳод хабар додааст.
Қаблан ин ниҳод аксаран бо иттиҳоми ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин кормандон ва ҳатто роҳбарони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру навоҳии Ваҳдат, Варзоб, Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Б.Ғафуров, шаҳри Ҳисор ва ғайраро боздошт карда буд.