https://sputnik.tj/20220926/marosimi-iftitohi-bozihoi-delfi-posukhi-vazorat-1051687604.html
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI Делфӣ дар куҷо баргузор мешавад?: Посухи вазорат
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI Делфӣ дар куҷо баргузор мешавад?: Посухи вазорат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанг мегӯяд маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад
2022-09-26T22:00+0500
2022-09-26T22:00+0500
2022-09-26T22:00+0500
дар тоҷикистон
вазорати фарҳанг
бозӣ
фарҳанг
идм
театр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1a/1051687447_0:59:570:380_1920x0_80_0_0_cb8b072921a74a2b73ec7b73c3e56caf.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Маросими ифтитоҳи расмӣ ва пӯшидашавии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давалатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир ва ҳамзамон дар доираи он дар мавзӯи “Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад.Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, аз 14 то 18 октябр дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузаранд.Ба иттилои манбаъ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён роҷеъ ба баргузории Бозиҳои XVI Делфӣ гуфт, ки “ин ҳамоиш бори аввал аст дар ҷумҳурӣ бо ибтикор Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мегардад ва дар қабулу гусели иштирокчиён аз мо масъулияти баланди ташкилиро бозиҳоро талаб менамояд”.Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зикр дошт, ки “дар Бозиҳои XVI Делфӣ зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ва 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ иштирок мекунанд”.Бозиҳо аз рӯи 7 номина- фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва 3 барномаи фестивалӣ доир гардида, чорабиниҳо дар толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг гузаронида мешаванд.Дар назар аст, ки иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи “Наврӯз”, Майдони “Истиқлол” ва Боғи “Ирам” дидан намоянд.
https://sputnik.tj/20220420/muovin-muhriddin-jopon-1047812638.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1a/1051687447_63:0:570:380_1920x0_80_0_0_758248e917d164ca39eae98192236394.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ифтитоҳ, бозиҳои xvi делфӣ, душанбе, баргузор, театр, вазорати фарҳанг
тоҷикистон, ифтитоҳ, бозиҳои xvi делфӣ, душанбе, баргузор, театр, вазорати фарҳанг
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI Делфӣ дар куҷо баргузор мешавад?: Посухи вазорат
Вазорати фарҳанг мегӯяд маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Маросими ифтитоҳи расмӣ ва пӯшидашавии Бозиҳои XVI Делфӣ дар Театри давалатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир ва ҳамзамон дар доираи он дар мавзӯи “Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 14 то 18 октябр дар Тоҷикистон Бозиҳои XVI Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузаранд.
Ба иттилои манбаъ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён роҷеъ ба баргузории Бозиҳои XVI Делфӣ гуфт, ки “ин ҳамоиш бори аввал аст дар ҷумҳурӣ бо ибтикор Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мегардад ва дар қабулу гусели иштирокчиён аз мо масъулияти баланди ташкилиро бозиҳоро талаб менамояд”.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зикр дошт, ки “дар Бозиҳои XVI Делфӣ зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ ва 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ иштирок мекунанд”.
Бозиҳо аз рӯи 7 номина- фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва 3 барномаи фестивалӣ доир гардида, чорабиниҳо дар толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг гузаронида мешаванд.
Дар назар аст, ки иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи “Наврӯз”, Майдони “Истиқлол” ва Боғи “Ирам” дидан намоянд.