Аз сиёсату иқтисод то тиҷорату фарҳанг: муовини Муҳриддин дар Ҷопон чиро баррасӣ кард

© МИД РТВстреча заместителя Министра иностранных дел Республики Таджикистан с Парламентским заместителем Министра иностранных дел Японии
Встреча заместителя Министра иностранных дел Республики Таджикистан с Парламентским заместителем Министра иностранных дел Японии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Муовини вазири хориҷаи Тоҷкистон ҳамтои худро дар бораи омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии "Об барои рушди устувор-2018-2028" шинос кард
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар Ҷопон қарор дорад ва бо ҳамтои ҷопонии худ мулоқт намудааст.
Дар ин бора котиботи ВУХ Тоҷикистон хабар дода, қайд намудааст, ки вохӯрии Шерализода бо Хонда Таро рӯзи 20 апрел дар дафтари ин ниҳод сурат гирифтааст.
Манбаъ меафзояд, муовинони вузарои умури хориҷии Тоҷикистону Ҷопон вазъи кунунӣ, дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вояи нави ваксинаи зидди коронавирус ба Тоҷикистон расид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Ҷопон ба Тоҷикистон бастаи нави ваксина фиристод: кадом навъ ва чӣ миқдор?
Зикр гардид, ки Шерализода ҳамтои худро дар бораи рафти омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланди "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" шинос намуд.
Ин чорабинӣ рӯзҳои 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" ва таҳкими ҳамкориҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0