Ҳанӯз номзаде ба президентии Қазоқистон пешбарӣ нашудааст

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРеферендум по поправкам в конституцию Казахстана
Референдум по поправкам в конституцию Казахстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихоботи президентӣ дар ҷумҳурии Қазоқистон бо гузашти се рӯз аз оғози корзори интихоботӣ ҳолу ҳавои ин маъракаи сиёсиро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар интихоботи президенти Қазоқистон, ки 20 ноябр таъйин шудааст, ҳанӯз номзаде пешбарӣ нагардидааст.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар дода, афзуд, ки раванди пешниҳоди номзадҳо аллакай аз 23 сентябр оғоз гардидаст. Феълан ягон хоҳишманди президентӣ ба қайд гирифта нашудааст, таъкид гардидаст манбаъ, бо такя ба Комиссияи марказии интихоботии ҶҚ.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки банди "зидди ҳама" ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки мавқеашонро баён намоянд, аммо ба натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ таъсир надорад.
Зикр гардидаст, ки агар 60%-и шаҳрвандони Қазоқистон "зидди ҳама" овоз диҳанд, даври дуюми интихобот таъйин мешавад. Дар даври дуюм 2 номзаде иштирок хоҳанд дошт, ки орои бештар гирифтаанд.
Монумент Астана-Байтерек в Нур-Султане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2022
Боз Остона: дигар пойтахти Қазоқистон Нурсултон нест
Маврид ба зикр аст, ки Қосимҷомарт Тоқаев, президенти феълии Қазоқистон, бо имзои як фармон интихоботи зудҳангоми президентӣ дар кишварро рӯзи 20 ноябр таъйин намуд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи равон зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли 2019 президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раҳбари давлат истеъфо дод. Аз 20 марти соли 2019 бар асоси Конститутсия раиси Сенат Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурӣ шуд.
Дар моҳи июни ҳамон сол интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд, ки дар он оқои Тоқаев бо натиҷаи 70,9%-и оро пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0