https://sputnik.tj/20220919/ostona-poytakht-qazoqiston-nursulton-1051514230.html
Боз Остона: дигар пойтахти Қазоқистон Нурсултон нест
Боз Остона: дигар пойтахти Қазоқистон Нурсултон нест
Sputnik Тоҷикистон
Баъди ҳамагӣ се сол пойтахти Қазоқистон ба номи соли 1998-и худ баргашт: ҳамакнун навиштаҷоти Нурсултонро дар кӯчаву хиёбонҳо бармечинанд
2022-09-19T12:00+0500
2022-09-19T12:00+0500
2022-09-19T13:09+0500
қазоқистон
остона
осиёи марказӣ
сиёсат
табдили ном
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/05/1044609213_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2dec3b92c6b22be6cd3831fc2dac704a.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон билохира боз ба Остона табдил ёфт. Фармон дар бораи ба шаҳри Нурсултон баргардонидани номи пешинааш имрӯз, 19 сентябр, эътибор пайдо кард. Ҳамакнун дар робита ба тағйири номи пойтахт дар шоҳроҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ иваз кардани 467 лавҳаи иттилоотӣ дар назар аст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон."То имрӯз тақрибан 100 лавҳаи иттилоотӣ аз байн бурда шуд, корҳо оид ба ивазкунӣ идома доранд", - гуфтанд дар маркази матбуъотии "КазАвтоЖол".Маврид ба зикр аст, ки қарори ивази номи пойтахтро қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имзо карда буд.Номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нурсултон табдил шуд.Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нурсултон иваз карда шавад.Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.Сарфи назар аз миқёси тағйирот, мақомоти Қазоқистон шаҳрвандонро ором карданд: ин дафъа иваз кардани ном ба сокинони пойтахт ҳеҷ қимате нахоҳад дошт, тамоми хароҷоти зарурӣ аз буҷаи шаҳр гирифта мешавад.
https://sputnik.tj/20220901/toqaev-intikhobot-zudhangom-prezidenti-qazoqiston-1051091739.html
қазоқистон
остона
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/05/1044609213_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_b1b498fc7159ee2dde811bc2f19b57a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
остона пойтахт қазоқистон нурсултон
остона пойтахт қазоқистон нурсултон
Боз Остона: дигар пойтахти Қазоқистон Нурсултон нест
12:00 19.09.2022 (Навсозишуда: 13:09 19.09.2022) Баъди ҳамагӣ се сол пойтахти Қазоқистон ба номи соли 1998-и худ баргашт: ҳамакнун навиштаҷоти Нурсултонро аз кӯчаву хиёбонҳо бармечинанд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон билохира боз ба Остона табдил ёфт. Фармон дар бораи ба шаҳри Нурсултон баргардонидани номи пешинааш имрӯз, 19 сентябр, эътибор пайдо кард.
Ҳамакнун дар робита ба тағйири номи пойтахт дар шоҳроҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ иваз кардани 467 лавҳаи иттилоотӣ дар назар аст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
"То имрӯз тақрибан 100 лавҳаи иттилоотӣ аз байн бурда шуд, корҳо оид ба ивазкунӣ идома доранд", - гуфтанд дар маркази матбуъотии "КазАвтоЖол".
Маврид ба зикр аст, ки қарори ивази номи пойтахтро қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имзо карда буд.
Номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нурсултон табдил шуд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нурсултон иваз карда шавад.
Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.
Сарфи назар аз миқёси тағйирот, мақомоти Қазоқистон шаҳрвандонро ором карданд: ин дафъа иваз кардани ном ба сокинони пойтахт ҳеҷ қимате нахоҳад дошт, тамоми хароҷоти зарурӣ аз буҷаи шаҳр гирифта мешавад.