"Душанбе Сити Банк" хидматрасонии корти “Мир”-ро мутаваққиф кард

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкОбладатель карты "Мир"
Обладатель карты Мир  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Обуна шудан
"Душанбе Сити Банк" яке аз бонкҳои севумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки хидматрасонии кортҳои “Мир”-ро мутаваққиф кардааст
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ба далели мушкилоти техникӣ дар фаъолияти низоми пардохти Русия "Душанбе Сити Банк" хидматрасонии кортҳои "Мир"-ро мутаваққиф кардааст, иттилоъ додааст манбаъ аз ин бонк.
"Дар ҳоли ҳозир ба дорандагони корти "Мир" дар банкоматҳо ва POS-терминалҳои шаҳри Душанбе хидматрасонӣ карда намешавад", - хабар иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон як сокини шаҳри Душанбе, ки дорандаи корти “Мир”аст, ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард, ки хидматрасонии кортҳо дар POS-терминалҳои ва худпардоз (Банкомат) манъ шудааст.
“Аз кортҳои “Мир” на пул гирифта метавонем ва на равон карда метавонем. Умуман кортҳо ба кор намераванд”,- таъкид кард дорандаи корти “Мир”
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз аз "Душанбе Сити Банк", Амонатбонки Тоҷикистон низ ба хидматрасонии корти “Мир” машғул аст.
Первые карты национальной платежной системы Мир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Маълум шуд, ки кортҳои "Мир"-и Русия дар кадом бонкҳои Тоҷикистон корбурд мешавад
Рӯзномаи “Комерсант” навиштааст, ки ахиран дар пасманзари хабарҳо дар бораи эҳтимоли даст кашидани бархе аз кишварҳо аз хидматрасонии системаи “Мир” ҳакерҳои украинӣ ба манзури ба вуҷуд овардани сарборӣ дар система ва қатъи фаъолияти он ҳамлаи сайбери анҷом доданд.
Бояд гуфт тайи чанд рӯзи ахир аз бонкҳои мухталифи кишварҳои ҳамсуд аз мутавақиф кардани хидматрасонии корти “Мир” хабар доданд. Бонкҳои кишварҳои ҳамсуд ба хотири зери таҳрим науфтодани бонкҳои аз сӯйи Амрико аз хизматрасонии кортҳои “Мир” даст кашиданд.
Лентаи хабарҳо
0