https://sputnik.tj/20220926/ayodat-general-sarbozoni-marz-qirghiziston-1051671920.html
Аёдати генералҳои боломақом аз сарбозони захмишуда дар марз бо Қирғизистон
Аёдати генералҳои боломақом аз сарбозони захмишуда дар марз бо Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни аёдат аз маҷруҳони даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз шуҷоаташон тавсиф кардаанд
2022-09-26T14:01+0500
2022-09-26T14:01+0500
2022-09-28T17:55+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
маҷруҳ
аёдати сарбозон
саймумин ятимов
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1a/1051671520_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_ec01499918d9cf79196abee660a70852.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ба аёдати сарбозону афсароне рафтаанд, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардоштанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, мақомдорон нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли сарбозону афсарони маҷруҳ хабар гирифтанд. Зикр гардидаст, ки бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои табобати захмбардоштагон доруворӣ ва маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб шуданд. Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҷониби Қирғизистон дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон беш аз 40 сокини мулкӣ кушта шуда, ҳудуди 200 нафари дигар, ки ғайринизомӣ буданд, маҷруҳ гардиданд.Дар бораи талафот миёни низомиёни Тоҷикистон расман ҳеч оморе ироа нагардидааст, аммо дар шабакаю расонаҳои маҳаллӣ феҳрасти ҳудуди 45 нафар низомӣ нашр гардидааст, ки дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон кушта шудаанд.Ҷниби Қирғизистон талафоташро дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон беш аз 60 кушта ва 198 маҷруҳ арзёбӣ карда буд, ки аксарияташонро низомиён ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220926/mintaqa-bahs-tojikiston-qirghiziston-durbin-1051671283.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1a/1051671520_126:0:1263:853_1920x0_80_0_0_220302478988910066e847daa28e0500.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хабаргирӣ, генерал, марз, тоҷикистон
хабаргирӣ, генерал, марз, тоҷикистон
Аёдати генералҳои боломақом аз сарбозони захмишуда дар марз бо Қирғизистон
14:01 26.09.2022 (Навсозишуда: 17:55 28.09.2022) Роҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зимни аёдат аз маҷруҳони даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон аз шуҷоаташон тавсиф кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва раиси Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ба аёдати сарбозону афсароне рафтаанд, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардоштанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, мақомдорон нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баъдан дар шаҳри Хуҷанд аз ҳоли сарбозону афсарони маҷруҳ хабар гирифтанд.
"Зимни суҳбат бо онҳо таъкид гардид, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои чунин фарзандони шуҷои Ватан аст, ки амнияти давлату миллат таъмин аст", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардидаст, ки бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои табобати захмбардоштагон доруворӣ ва маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҷониби Қирғизистон дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон беш аз 40 сокини мулкӣ кушта шуда, ҳудуди 200 нафари дигар, ки ғайринизомӣ буданд, маҷруҳ гардиданд.
Дар бораи талафот миёни низомиёни Тоҷикистон расман ҳеч оморе ироа нагардидааст, аммо дар шабакаю расонаҳои маҳаллӣ феҳрасти ҳудуди 45 нафар низомӣ нашр гардидааст, ки дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон кушта шудаанд.
Ҷниби Қирғизистон талафоташро дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон беш аз 60 кушта ва 198 маҷруҳ арзёбӣ карда буд, ки аксарияташонро низомиён ташкил медиҳанд.