Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Эълони расмӣ: Беш аз 240 сокини мулкии Тоҷикистон аз зарбаи Қирғизистон куштаю маҷруҳ шуд

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдБоздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ
Боздиди Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, аз хонаи қурбониёни даргирии марзӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои бори аввал ба таври расмӣ теъдоди умумии куштаю маҷруҳон миёни сокинони осоишта дар даргирии ахири марзиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бар асари ҳамлаи ҷониби Қирғизистон дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон беш аз 40 сокини мулкӣ кушта шуда, ҳудуди 200 нафари дигар, ки ғайринизомӣ буданд, маҷруҳ гардиданд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, миёни тоҷикистониҳои кушташуда бар асари зарбаи ҷониби Қирғизистон аз ҷумла занони ҳомила, кӯдакон, табибон ва куҳансолон ва кӯдакон буданд. Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки дар ин ҳамла ҳамчунин садҳо манзилу мактаб, беморхона ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ вайрон шуданд.
Гуманитарная помощь жителям Согда   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2022
Мақомоти Суғд гуфт, ба зарардидагон аз муноқишаи марзӣ чӣ кумакҳо дастрас гардид
Дар зимн Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи талафот миёни низомиёни Тоҷикистон ҳеч чиз нагуфт, аммо дар шабакаю расонаҳои маҳаллӣ феҳрасти ҳудуди 45 нафар низомӣ нашр гардидааст, ки дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон кушта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон талафоташро дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон беш аз 60 кушта ва 198 маҷруҳ арзёбӣ карда буд, ки аксарияташонро низомиён ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 16 сентябр рух дод, ки беш садҳо куштаю маҷруҳро аз ҳар ду ҷониб барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар оғоз ва шиддати ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0