https://sputnik.tj/20220925/ehyo-raftuomad-tojikon-qirghizho-dushanbe-bishkek-1051661870.html
Равуо ва дӯстии пештара: Тафсилоти созиши ахири Душанбею Бишкек
Равуо ва дӯстии пештара: Тафсилоти созиши ахири Душанбею Бишкек
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти ахир дар ҳудуди вилояти Бодканд барои эҳёи рафтуомади сокинони наздимарзӣ созиш кардаанд 25.09.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-09-25T16:46+0500
2022-09-25T16:46+0500
2022-09-25T16:46+0500
саймумин ятимов
қамчибек тошиев
қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039220314_0:28:843:502_1920x0_80_0_0_3c32c2eef0cbeea0c8b875ecb0b142dc.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел" таҳти роҳбарии раиси КДАМ, Саймумин Ятимов ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Ташиевбаргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд. "Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев вобаста ба иҷрои нишондодҳои протоколи имзошуда ва таҳкими сулҳу субот дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид гардидаст, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум мушкилоти пешояндаро ҳал созанд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин музокирот Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иштирок доштаанд.Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди тафсилоти санади нави имзошуда хабар надодаанд.Аз ҷониби Қирғизистон Тошиев дар суҳбат бо расонаҳо эълон кард, ки сокинони беруншуда аз минтақаҳои марзӣ метавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Вай кафолат додаст, ки вазъ дар марз ором хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220925/sokini-osoishta-kushtau-majruh-dushanbe-qirghizistonro-1051656230.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039220314_69:0:774:529_1920x0_80_0_0_c109a0d9c18f486fdc8ba37fabc6e708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саймумин ятимов, қамчибек тошиев, қирғизистон, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа
саймумин ятимов, қамчибек тошиев, қирғизистон, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа
Равуо ва дӯстии пештара: Тафсилоти созиши ахири Душанбею Бишкек
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти ахир дар ҳудуди вилояти Бодканд барои эҳёи рафтуомади сокинони наздимарзӣ созиш кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел" таҳти роҳбарии раиси КДАМ, Саймумин Ятимов ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Ташиевбаргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд.
"Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев вобаста ба иҷрои нишондодҳои протоколи имзошуда ва таҳкими сулҳу субот дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидаст, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум мушкилоти пешояндаро ҳал созанд.
"Ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад. Зеро тоҷикону қирғизҳо асрҳост, ки дар канори ҳам зиндагӣ доранд", - афзуд манбаъ.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин музокирот Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд иштирок доштаанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди тафсилоти санади нави имзошуда хабар надодаанд.
Аз ҷониби Қирғизистон Тошиев дар суҳбат бо расонаҳо эълон кард, ки сокинони беруншуда аз минтақаҳои марзӣ метавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Вай кафолат додаст, ки вазъ дар марз ором хоҳад буд.