https://sputnik.tj/20220925/dushanbe-qalamrav-tojikiston-qirghiziston-ghasb-1051657345.html
Душанбе гуфт, қисме аз заминҳои Тоҷикистонро Қирғизистон ғасб кардаст: Шарҳи вазир
Душанбе гуфт, қисме аз заминҳои Тоҷикистонро Қирғизистон ғасб кардаст: Шарҳи вазир
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ эълон карданд, ки чӣ қадар заминҳои ин кишвар аз ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ ва бидуни асос ғасб карда шудаст
2022-09-25T10:18+0500
2022-09-25T10:18+0500
2022-09-28T17:43+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
душанбе
марз
замин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049763635_0:468:2047:1619_1920x0_80_0_0_702ccdc40a440612d6292930a4ad7f6b.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Қирғизистон то ҳол 2 ҳазору 110 километри мураббаъ заминҳои Тоҷикистонро ғасб кардааст. Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт. Майдони заминҳое, ки ба иддаои ҷониби Душанбе Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон ғасб кардааст, баробар ба 1%-и масоҳати феълии ҶҚ ва 1,5%-и масоҳати ҶТ мебошад.Ба иттилои вазири тоҷик, ғасби заминҳои Тоҷикистон аз сӯи Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз шуда буд. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, заминҳои ҷумҳуриро солҳои гуногуни даврони шӯравӣ бидуни риояи расмиёти ҳуқуқӣ ҷониби Қирғизистон гирифтаст. Ба гуфтаи Имомӣ, феълан беш аз 2 ҳазор километри мураббаъ замини ҷумҳурӣ бидуни ҳеч санаду далел дар ихтиёри Қирғизистон қарор дораду фаъолона аз худ карда шуда истодааст. Вай таъкид намуд, Тоҷикистон аз аввал талош дорад, масъалаи ин заминҳоро, ки Душанбе бидуни баҳс аз худ медонаду Бишкек ба далели азхудкунӣ мутааллиқ ба худ, аз роҳи музокирот ҳал намояд.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.
https://sputnik.tj/20220925/sokini-osoishta-kushtau-majruh-dushanbe-qirghizistonro-1051656230.html
қирғизистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049763635_0:276:2047:1811_1920x0_80_0_0_de9fb3755192c4f31146cdd3e2e3900c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъво, душанбе, қаламрав, қирғизистон
даъво, душанбе, қаламрав, қирғизистон
Душанбе гуфт, қисме аз заминҳои Тоҷикистонро Қирғизистон ғасб кардаст: Шарҳи вазир
10:18 25.09.2022 (Навсозишуда: 17:43 28.09.2022) Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ эълон карданд, ки чӣ қадар заминҳои ин кишвар аз ҷониби Қирғизистон ғайриқонунӣ ва бидуни асос ғасб карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Қирғизистон то ҳол 2 ҳазору 110 километри мураббаъ заминҳои Тоҷикистонро ғасб кардааст.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронияш дар иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён дошт.
Майдони заминҳое, ки ба иддаои ҷониби Душанбе Қирғизистон аз қаламрави Тоҷикистон ғасб кардааст, баробар ба 1%-и масоҳати феълии ҶҚ ва 1,5%-и масоҳати ҶТ мебошад.
Ба иттилои вазири тоҷик, ғасби заминҳои Тоҷикистон аз сӯи Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 50-уми асри гузашта оғоз шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, заминҳои ҷумҳуриро солҳои гуногуни даврони шӯравӣ бидуни риояи расмиёти ҳуқуқӣ ҷониби Қирғизистон гирифтаст.
Ба гуфтаи Имомӣ, феълан беш аз 2 ҳазор километри мураббаъ замини ҷумҳурӣ бидуни ҳеч санаду далел дар ихтиёри Қирғизистон қарор дораду фаъолона аз худ карда шуда истодааст.
Вай таъкид намуд, Тоҷикистон аз аввал талош дорад, масъалаи ин заминҳоро, ки Душанбе бидуни баҳс аз худ медонаду Бишкек ба далели азхудкунӣ мутааллиқ ба худ, аз роҳи музокирот ҳал намояд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ боиси таниш мегардад, ки баъзан ба тирпарронию марги одамон мепечад.