https://sputnik.tj/20220924/rahimi-kishvari-hamsoya-hujum-1051648852.html
Раҳимӣ: Мо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда, ба кишвари ҳамсоя ҳуҷуми мусаллаҳона оғоз накардаем
Раҳимӣ: Мо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда, ба кишвари ҳамсоя ҳуҷуми мусаллаҳона оғоз накардаем
Sputnik Тоҷикистон
Фарҳод Раҳимӣ, мегӯяд як пора замини Қирғизистонро Тоҷикистон ғасб накардааст, балки баръакс, онҳо дар заминҳои қонунии кишвари мо зиндагонӣ доранд
2022-09-24T17:10+0500
2022-09-24T17:10+0500
2022-10-24T13:16+0500
дар тоҷикистон
муноқишаи марзӣ
қирғизистон
фарҳод раҳимӣ
ғасб
ҳамсоя
ҳуҷум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/81/1031198104_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_61f18132e8f9ef1fdebacbaef51362cf.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ахиран зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ дар Лондон таъкид кардааст, ки чанд рӯз пеш Тоҷикистони мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаи кишвари ҳамсоя — Қирғизистон қарор гирифт.Вай гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла даҳҳо нафар занону кӯдакони бегуноҳ ва мардумони мулкӣ кушта шуданд ва садҳо хонаҳои мардуми таҳҷоӣ нобуд гардиданд.“Таҷовузгарон ҳатто бо дастгоҳҳои бесарнишин ҳангоми намоз ба масҷиди ҷомеъ ҳамла намуда, даҳҳо намозгузорро ба қатл расониданд, ки ин амал ҳам аз нигоҳи исломӣ ва ҳам аз нигоҳи инсонӣ пазируфтанӣ набуда, шабеҳи шеваҳои таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун "Ал-Қоида"* ва "ДОИШ"* аст, ки хилофи тамоми муқаррароти асноди байналмилалӣ ва умумибашарӣ мебошад”, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.Вай илова кард, ки кишвари ҳамсоя ба ин ҷанг тайёрии қаблӣ доштааст ва ҳатто пеш аз оғози ҷанг дар сар то сари ҷаҳон бо таъсиси гурӯҳҳои фейкӣ ба забонҳои гуногун ва ҷалби хакерони хориҷӣ ҷиҳати масдуд намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаю торномаҳои интернетии тоҷикӣ бо мақсади таҳрифи воқеият ва дурӯғпароканӣ машғул будааст.Ба гуфтаи академи Фарҳод Раҳими роҳбарияти сиёсии ин кишвар, бо бешармии том ва аҳдшиканиву бемасъулиятии ба онҳо хос бо истифода аз минбари баланди СММ дар тамоми ҷаҳон ин воқеиятро таҳриф, ҳодисаро нодуруст ва яктарафа баҳогузорӣ мекунад.Вай илова кард, ки Қирғизистон ҷомеаи ҷаҳониро ба пазириши дурӯғу тӯҳматномаҳои худ мутақоид карданӣ мешавад.Фарҳод Раҳими қайд кард, ки тайи 30 соли охир аз ҷониби Қирғизистон зиёда аз 200 ҳуҷуми мусаллаҳона ба Тоҷикистон сурат гирифт.“Мо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда, ба кишвари ҳамсоя таҳдиде ва ё ҳуҷуми мусаллаҳона оғоз накардаем, як пора замини онҳоро ғасб нанамудаем ва баръакс, онҳо дар заминҳои қонунии кишвари мо зиндагонӣ доранд, ки бо ҳар роҳу васила дар замони Шӯравӣ ба он соҳиб гардиданд ва амалҳои мо танҳо дифоъ аз сарзамини худ ва манофеи миллиамон буд ва мебошад”, — гуфт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.Ҳамзамон академики тоҷик илова кард, ки ин ҳама нооромиҳо ва аҳдшиканиву ҳуҷум ба хоки Тоҷикистон рӯҳи бузургмардони моро, чун Бурҳонидин Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд ва садҳову ҳазорон абармардони тоҷику форс ором намегузорад.Фарҳод Раҳими аз иштирокчиёни ҳамоиш даваът кард, ки дар расонидани ҳақиқат ва роҳ надодан ба таҳрифи воқеият бо Тоҷикистон бошанд ва дар муаррифии воқеияти низои мазкур ва мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат ва ҳамкорӣ намоянд.Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ 23 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20220923/rahmonzoda-dargiri-marz-tojikiston-qirghiziston-1051622052.html
https://sputnik.tj/20220922/qirghiziston-vayron-harim-havoi-tojikiston-vkkh-1051601170.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103119/81/1031198104_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_6b20a43032d827054923ebe607d1cb34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, президенти академияи илмҳои тоҷикистон, фарҳод раҳимӣ, замин, қонун, зиндагонӣ, ҳамсоя, ғасб
тоҷикистон, қирғизистон, президенти академияи илмҳои тоҷикистон, фарҳод раҳимӣ, замин, қонун, зиндагонӣ, ҳамсоя, ғасб
Раҳимӣ: Мо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда, ба кишвари ҳамсоя ҳуҷуми мусаллаҳона оғоз накардаем
17:10 24.09.2022 (Навсозишуда: 13:16 24.10.2022) Президенти Академияи илмҳо, мегӯяд як пора замини Қирғизистонро Тоҷикистон ғасб накардааст, балки баръакс, онҳо дар заминҳои қонунии кишвари мо зиндагонӣ доранд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ахиран зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ дар Лондон таъкид кардааст, ки чанд рӯз пеш Тоҷикистони мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаи кишвари ҳамсоя — Қирғизистон қарор гирифт.
Вай гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла даҳҳо нафар занону кӯдакони бегуноҳ ва мардумони мулкӣ кушта шуданд ва садҳо хонаҳои мардуми таҳҷоӣ нобуд гардиданд.
“Таҷовузгарон ҳатто бо дастгоҳҳои бесарнишин ҳангоми намоз ба масҷиди ҷомеъ ҳамла намуда, даҳҳо намозгузорро ба қатл расониданд, ки ин амал ҳам аз нигоҳи исломӣ ва ҳам аз нигоҳи инсонӣ пазируфтанӣ набуда, шабеҳи шеваҳои таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун "Ал-Қоида"* ва "ДОИШ"* аст, ки хилофи тамоми муқаррароти асноди байналмилалӣ ва умумибашарӣ мебошад”, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Вай илова кард, ки кишвари ҳамсоя ба ин ҷанг тайёрии қаблӣ доштааст ва ҳатто пеш аз оғози ҷанг дар сар то сари ҷаҳон бо таъсиси гурӯҳҳои фейкӣ ба забонҳои гуногун ва ҷалби хакерони хориҷӣ ҷиҳати масдуд намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаю торномаҳои интернетии тоҷикӣ бо мақсади таҳрифи воқеият ва дурӯғпароканӣ машғул будааст.
Ба гуфтаи академи Фарҳод Раҳими роҳбарияти сиёсии ин кишвар, бо бешармии том ва аҳдшиканиву бемасъулиятии ба онҳо хос бо истифода аз минбари баланди СММ дар тамоми ҷаҳон ин воқеиятро таҳриф, ҳодисаро нодуруст ва яктарафа баҳогузорӣ мекунад.
Вай илова кард, ки Қирғизистон ҷомеаи ҷаҳониро ба пазириши дурӯғу тӯҳматномаҳои худ мутақоид карданӣ мешавад.
Фарҳод Раҳими қайд кард, ки тайи 30 соли охир аз ҷониби Қирғизистон зиёда аз 200 ҳуҷуми мусаллаҳона ба Тоҷикистон сурат гирифт.
“Мо ҳеҷ гоҳ аввалин шуда, ба кишвари ҳамсоя таҳдиде ва ё ҳуҷуми мусаллаҳона оғоз накардаем, як пора замини онҳоро ғасб нанамудаем ва баръакс, онҳо дар заминҳои қонунии кишвари мо зиндагонӣ доранд, ки бо ҳар роҳу васила дар замони Шӯравӣ ба он соҳиб гардиданд ва амалҳои мо танҳо дифоъ аз сарзамини худ ва манофеи миллиамон буд ва мебошад”, — гуфт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳамзамон академики тоҷик илова кард, ки ин ҳама нооромиҳо ва аҳдшиканиву ҳуҷум ба хоки Тоҷикистон рӯҳи бузургмардони моро, чун Бурҳонидин Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд ва садҳову ҳазорон абармардони тоҷику форс ором намегузорад.
Фарҳод Раҳими аз иштирокчиёни ҳамоиш даваът кард, ки дар расонидани ҳақиқат ва роҳ надодан ба таҳрифи воқеият бо Тоҷикистон бошанд ва дар муаррифии воқеияти низои мазкур ва мавқеи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат ва ҳамкорӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба солгарди 11-уми марги устод Бурҳониддин Рабонӣ 23 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, ки дар он Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия