https://sputnik.tj/20220924/qarori-rustami-emomali-tajlili-ruzi-zaboni-davlati-1051646808.html
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ дар назар аст
2022-09-24T14:00+0500
2022-09-24T14:00+0500
2022-09-28T16:51+0500
дар тоҷикистон
душанбе
рӯзи забони давлатӣ
таҷлил
қарор
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101479/82/1014798277_0:154:1600:1054_1920x0_80_0_0_a92070b5a1814a98453690b44cb18bdf.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарорро бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи забони давлатиро имзо кард, иттилоъ додааст дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.Таъкид шудааст, ки барномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.Тибқи нақшаи барнома, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ дар назар дошта шудааст.Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб мегарданд.Инчунин тамоми муассисаву ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030” тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда аст.
https://sputnik.tj/20220901/rahmon-tavajjuh-jiddi-zabon-rusi-tojikiston-1051101746.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101479/82/1014798277_0:4:1600:1204_1920x0_80_0_0_4f61cbf900eb2ff14d11b1276cc2639c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, рустам эмомалӣ, қарор, таҷлил, рӯзи забони тоҷикӣ, пойтахт
тоҷикистон, раисҷумҳур, рустам эмомалӣ, қарор, таҷлил, рӯзи забони тоҷикӣ, пойтахт
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ
14:00 24.09.2022 (Навсозишуда: 16:51 28.09.2022) Дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарорро бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи забони давлатиро имзо кард, иттилоъ додааст дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Таъкид шудааст, ки барномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Тибқи нақшаи барнома, дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ дар назар дошта шудааст.
Инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро баён менамоянд, насб мегарданд.
Инчунин тамоми муассисаву ташкилоти зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки олимону адибон маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Дар робита ба баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва рушди он 28 ноябри соли 2020 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030” тасдиқ карда шуд, ки барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.
Барномаи мазкур маҷмӯи чорабиниҳоро барои рушди даҳсолаи забон муайян карда аст.