https://sputnik.tj/20220924/dushanbe-avtobusi-turkiya-tojikiston-1051650749.html
Автобусҳои сохти Туркияву Тоҷикистон дар Душанбе мусофирбарӣ мекунанд
Автобусҳои сохти Туркияву Тоҷикистон дар Душанбе мусофирбарӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини ширкати “AKIA” эълон кардааст, ки дар роҳҳои шаҳри Душанбе 400 адад автобусҳои истеҳсоли муштараки Туркия ва Тоҷикистон ба сокинон хизмат мерасонанд
2022-09-24T20:00+0500
2022-09-24T20:00+0500
2022-09-28T17:14+0500
дар тоҷикистон
душанбе
автобус
туркия
хизматрасонӣ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/31/1028503139_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_787f6c1f32ff4e078bf056bd104e6cc4.jpg
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Душанбе 400 адад автобусҳои истеҳсоли муштараки Туркия ва Тоҷикистон ба сокинон хизмат мерасонанд, иттилоъ додааст масъули ширкати “AKIA” дар Душанбе Сулаймон Туналӣ дар суҳбат бо агентии “Анадолу”.Вай гуфт ин 400 автобуси бо сармоягузории муштараки Туркия ва Тоҷикистон истеҳсолшуда дар Душанбе хидматрасонии дохилишаҳрӣ ба мардум пешкаш менамоянд.Инчунин Сулаймон Туналӣ илова кард, ки соли 2017 ҷониби Туркия барои Тоҷикистон ҳудуди 200 автобус истеҳсол кард ва соли 2018 дар шаҳри Душанбе санги асоси корхона гузошта шуд.Ба иттилои номбурда, то ҳол барои Душанбе дар маҷмуъ 400 автобус, аз ҷумла 200 адад дар Туркия ва 200 тои дигар дар пойтахти Тоҷикистон, истеҳсол карда шудаанд.Сулаймон Туналӣ бо ишора ба истеҳсоли автобусҳои барқӣ ва троллейбусҳо гуфт, ки бо ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон музокира анҷом дода, дар мавриди фурӯши автобусҳо ба онҳо корро идома медиҳанд.Ӯ зикр кард, ки истеҳсоли автобусҳои фармоишии вилоятҳои Суғду Хатлон, ки рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад, идома дорад.
https://sputnik.tj/20220617/vkd-sabab-sadama-avtobus-moshinisabukrav-sadbarg-sharh-1049295570.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/31/1028503139_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_ebd9fdf44c142a995a7f9a0daa6e1d5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, автобус, истеҳсол, хизмат, сокинон, душанбе, “akia”
тоҷикистон, туркия, автобус, истеҳсол, хизмат, сокинон, душанбе, “akia”
Автобусҳои сохти Туркияву Тоҷикистон дар Душанбе мусофирбарӣ мекунанд
20:00 24.09.2022 (Навсозишуда: 17:14 28.09.2022) Масъулини ширкати “AKIA” азм доранд, содироти мусофирбарҳои тавлидкардаи корхонаи муштаракро ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар Душанбе 400 адад автобусҳои истеҳсоли муштараки Туркия ва Тоҷикистон ба сокинон хизмат мерасонанд, иттилоъ додааст масъули ширкати “AKIA” дар Душанбе Сулаймон Туналӣ дар суҳбат бо агентии “Анадолу”.
Вай гуфт ин 400 автобуси бо сармоягузории муштараки Туркия ва Тоҷикистон истеҳсолшуда дар Душанбе хидматрасонии дохилишаҳрӣ ба мардум пешкаш менамоянд.
Инчунин Сулаймон Туналӣ илова кард, ки соли 2017 ҷониби Туркия барои Тоҷикистон ҳудуди 200 автобус истеҳсол кард ва соли 2018 дар шаҳри Душанбе санги асоси корхона гузошта шуд.
Ба иттилои номбурда, то ҳол барои Душанбе дар маҷмуъ 400 автобус, аз ҷумла 200 адад дар Туркия ва 200 тои дигар дар пойтахти Тоҷикистон, истеҳсол карда шудаанд.
Сулаймон Туналӣ бо ишора ба истеҳсоли автобусҳои барқӣ ва троллейбусҳо гуфт, ки бо ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон музокира анҷом дода, дар мавриди фурӯши автобусҳо ба онҳо корро идома медиҳанд.
Ӯ зикр кард, ки истеҳсоли автобусҳои фармоишии вилоятҳои Суғду Хатлон, ки рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад, идома дорад.