Вазорати дифои Русия гуфт, намояндагони кадом касбҳо ба артиш сафарбар намешаванд

© Sputnik / Стас ЭтвешЗапись на листе бумаге, архивное фото
Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Намояндагони бахшҳои технологияи коммуникатсионӣ, алоқа, молия ва васоити ахбори омма дар доираи басиҷи қисмӣ ба артиш ҷалб намешаванд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия рӯйхати бахшҳоеро нашр кард, ки кормандони он ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда намешавад.
Ба иттилои Вазорати мудофиа, барои таъмини фаъолияти бахшҳои фановариҳои ҷадид ва низоми молия тасмим гирифта шуд, ки намояндагони ин соҳаҳо дар доираи басиҷи қисмӣ ба қувваҳои мусаллаҳ ҷалб карда нашаванд.
Инчунин кормандони бахши фароҳамкунандаи алоқа, аз ҷумла онҳое, ки ба таъмину нигоҳдории иншооту ин соҳа машғуланд, аз хидмати ҳарбӣ озоданд.
Кормандони ташкилотҳои низомсози бахши иттилооту иртиботот, муассисони расонаҳо, ноширони васоити ахбори оммаи сабтшуда дар Русия низ аз ҷалб ба хидмати ҳарбӣ озоданд.
Кадры с захваченной украинской бронетехникой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2022
Мошинҳои зиреҳпӯши украинӣ низомиёни русро дар ҳайрат гузошт – видео
Дар ин феҳраст ҳамчунин ташкилоте зикр шудаанд, эътидол дар низоми пардохти миллӣ, идораи бонкҳо ва гардиши пули нақдро таъмин мекунанд.
Асос барои озод шудан аз сафарбарсозӣ феҳрасти пешниҳодкардаи роҳбарони корхонаҳо ба Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ хоҳад шуд.
Фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар бораи басиҷи қисмӣ аз 21 сентябр мавриди амал қарор дорад.
Дар доираи сафарбарсозии қисмӣ 300 ҳазор нафар аз нерӯҳои захиравӣ ба артиш ҷалб хоҳанд шуд, тавзеҳ дод Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия.
Дар мавриди зарурати сафарбарсозии қисмӣ Шойгу гуфт, ки беш аз як ҳазор километр хатти баҳамоӣ мавҷуд аст, ки онро устувор кардан даркор ва барои ин чораандешӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0