Афзоиши теъдоди ваксина ва моякӯбишудаҳо дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник делает прививку от коронавируса
Медицинский работник делает прививку от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон то ҳол беш аз 18,5 млн воя ваксина алайҳи коронавирус дастрас карда, феълан дар кишвар даври чоруми моякӯбӣ дар ҷараён мебошад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Тоҷикистон наздик ба ба 99%-и шумораи аҳолии болиғи кишвар баробар шудааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, кишвар боз беш 2 млн воя ваксина алайҳи коронавирусро аз Чин дастрас намуд.
Феълан дар мамлакат шумораи ваксинаҳои дастрасшуда 18,5 млн ададро ташкил медиҳад, ки Тоҷикистон аз оғози хуруҷи пандемия аз хориҷи кишвар дастрас намудаст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ба ҳолати 22 сентябр дар ҷумҳурӣ 5,3 млн нафар, ё 98,6%-и нақша бо вояи якум, 5,2 млн ё 97% бо вояи дуюм ва 5,1 млн ё 94,2% фоиз бо вояи сеюм бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Хуруҷи бемории сурхча ва гулафшон: эмгузаронии иловагӣ дар бархе навоҳии Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуд мебошанд ва сокинон ба таври ройгон метавонанд бар зидди ин беморӣ ваксина бигиранд
Ин дар ҳолест, ки феълан дар Тоҷикистон даври чоруми ваксинагирӣ ҷараён дорад, ки дар навбати аввал масъулини бахши тандурустӣ ва афроди солхӯрдаро дар бар мегирад.
Қаблан мақомоти тандурустии кишва яке аз омилҳои дигарбора хуруҷ накардани коронавирусро ба сатҳи баланди мусунияти оммавӣ ва теъдоди зиёди ваксинагирифтаҳо рабт дод.
Лентаи хабарҳо
0