Хуруҷи бемории сурхча ва гулафшон: эмгузаронии иловагӣ дар бархе навоҳии Тоҷикистон

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкМедицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаст, ки хуруҷи ин бемориҳо ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон роҳандозӣ шудааст, ки то 15 сентябр идома хоҳад дошт.
Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба "Ховар" гуфтаст, бо эмгузаронӣ кӯдакони аз 5 то 15-сола фаро гирифта мешаванд.
Ҷаъфаров тавзеҳ додаст, ки эмгузаронии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар минтақаҳои зикргардида ба он хотир ба роҳ монда шудаанд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин гуна беморӣ бештар ба қайд гирифта шудаанд.
Министр здравоохранения Таджикистана прививается против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Вазир бар зидди коронавирус боз ваксина гирифт
Аз қавли мутахассисон зикр шудаст, ки бемории сурхча сироятӣ буда, ба он ҳарорати баланди шадид, илтиҳоби роҳҳои нафас, сулфа, сурхшавӣ ва ашкрезӣ аз чашмон ва пайдоиши доначаҳои сурх хос аст.
Барангезандаи бемории сурхча вирус мебошад, ки ба воситаи ҳаво аз шахси бемор ба шахсони осебпазир, ки дар вақташ мувофиқи тақвими миллӣ бар зидди ин беморӣ иммунизатсия нашудаанд, мегузарад, омадааст дар матлаб.
Дар Тоҷикистон мувофиқи тақвими миллӣ иммунизатсия бар зидди бемории сурхча 2 маротиба гузаронида мешавад, вояи якум дар синни яксолагии кӯдакон ва вояи дуюм такроран дар 6-солагӣ гузаронда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0