https://sputnik.tj/20220923/tojikiston-hosil-ghalla-kartoshka-1051620039.html
Нони якуму дуюм: Тоҷикистон ҳосили ғаллаю картошкаашро эълон кард
Нони якуму дуюм: Тоҷикистон ҳосили ғаллаю картошкаашро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба ҳолати нимаи моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили беш аз 94%-и майдони кишти ғалладонагиҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расонда шудааст
2022-09-23T11:00+0500
2022-09-23T11:00+0500
2022-09-28T16:46+0500
дар тоҷикистон
ҳосил
гандум
иқтисод
тонна
картошка
ғалла
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032769253_0:158:3081:1891_1920x0_80_0_0_2aed870b5d1f749e80356cf47df581e7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. То нимаи сентябр дар Тоҷикистон беш аз 888,3 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд, иттилоъ дод хабаргузории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, майдони умумии кишти ғалладона дар тамоми чаҳор минтақаи кишвар - вилоятҳои Хатлону Суғд, НТҶ ва ВМКБ ҳудуди 304 ҳазор гектарро ташкил дод. Таъкид шудаст, ки аллакай аз майдони беш аз 286 ҳазор гектар, аз ҷумла дар ВМКБ – 2,1 ҳазор гектар, Суғд – 95,8 ҳазор гектар, Хатлон – 139,5 ҳазор, Душанбе – 710 дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 47,8 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст. Ин майдони кишти ғалладонагӣ, ки аллакай ҳосили он ҷамъ оварда шудааст, ҳудуди 94%-и заминҳои кишти ғалладонагӣ дар соли равонро ташкил медиҳад. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки аз 888,3 тонна ғалладонагии ҷамъоваришуда 713,7 ҳазор тоннаро гандум ташкил медиҳад. Манбаъ ҳамчунин дар мавриди ҳосили картошка дар Тоҷикистон, ки миёни мардум "нони дуюм" ном гирифтааст, иттилоъ дод, ки то ҳол нимаи сентябр 337,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудаст. Зикр гардидаст, ки соли равон майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ беш аз 32 ҳазорро ташкил дода, аллакай аз 16,2 ҳазори он ҳосил ҷамъоварӣ шудаст.
https://sputnik.tj/20220829/narkh-mahsulot-ghizo-tojikiston-poin-1051002717.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032769253_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_8d443fabc1b94c4e63f81483c0612275.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамъоварӣ, ҳосил, пахта, тоҷикистон
ҷамъоварӣ, ҳосил, пахта, тоҷикистон
Нони якуму дуюм: Тоҷикистон ҳосили ғаллаю картошкаашро эълон кард
11:00 23.09.2022 (Навсозишуда: 16:46 28.09.2022) Дар Тоҷикистон ба ҳолати нимаи моҳи сентябр ҷамъоварии ҳосили беш аз 94%-и майдони кишти ғалладонагиҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расонда шудааст
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. То нимаи сентябр дар Тоҷикистон беш аз 888,3 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд, иттилоъ дод хабаргузории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, майдони умумии кишти ғалладона дар тамоми чаҳор минтақаи кишвар - вилоятҳои Хатлону Суғд, НТҶ ва ВМКБ ҳудуди 304 ҳазор гектарро ташкил дод.
Таъкид шудаст, ки аллакай аз майдони беш аз 286 ҳазор гектар, аз ҷумла дар ВМКБ – 2,1 ҳазор гектар, Суғд – 95,8 ҳазор гектар, Хатлон – 139,5 ҳазор, Душанбе – 710 дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 47,8 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст.
Ин майдони кишти ғалладонагӣ, ки аллакай ҳосили он ҷамъ оварда шудааст, ҳудуди 94%-и заминҳои кишти ғалладонагӣ дар соли равонро ташкил медиҳад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон тавзеҳ додаст, ки аз 888,3 тонна ғалладонагии ҷамъоваришуда 713,7 ҳазор тоннаро гандум ташкил медиҳад.
Манбаъ ҳамчунин дар мавриди ҳосили картошка дар Тоҷикистон, ки миёни мардум "нони дуюм" ном гирифтааст, иттилоъ дод, ки то ҳол нимаи сентябр 337,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудаст.
Зикр гардидаст, ки соли равон майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ беш аз 32 ҳазорро ташкил дода, аллакай аз 16,2 ҳазори он ҳосил ҷамъоварӣ шудаст.