https://sputnik.tj/20220829/narkh-mahsulot-ghizo-tojikiston-poin-1051002717.html
Нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст
Нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулот рабт дода мешавад
2022-08-29T13:20+0500
2022-08-29T13:20+0500
2022-08-29T16:25+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
бозор
шакар
орд
равған
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/21/1027602138_0:154:3093:1894_1920x0_80_0_0_8e719d9cfe47bded2b3baa5452126592.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар давоми як ҳафтаи охир нархи се навъи маҳсули ниёзи аввал дар Тоҷикистон поин рафтааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба арзёбии нархҳо дар 8 бозори ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, мушоҳидаи нархҳо муайян намудааст, ки арзиши орд, равған ва шакар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта поён рафтааст. Таъкид шудааст, ки ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе ҳудуди 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 3% арзонтар аст. Дар аксари бозорҳои ноҳияҳо нархи як кило орд каме беш аз 6 сомонӣ аст, афзуд манбаъ. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки барои таъмини ниёзи мардум ва арзонию фаровонӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ баргузор кунанд. Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли камбуди ғизо ҳушдор дод. Ӯ гуфт, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам боиси хатари гуруснагӣ дар бархе аз кишварҳо мегардад.Вай дигарбора шаҳрвандонро ба захираи дусолаи ғизо даъват намуда, афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ масъалаи мазкурро назорат кунанд.
https://sputnik.tj/20220825/arzon-bozor-uzbekiston-hukumat-istiqlol-aks-1050938573.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102760/21/1027602138_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_31123909e7fe0f6f33834ff923cc4ea8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, маҳсулот, арзон, тоҷикистон
нарх, маҳсулот, арзон, тоҷикистон
Нархи бархе маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон поин рафтааст
13:20 29.08.2022 (Навсозишуда: 16:25 29.08.2022) Сабаби коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулот рабт дода мешавад
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар давоми як ҳафтаи охир нархи се навъи маҳсули ниёзи аввал дар Тоҷикистон поин рафтааст, хабар дод "Ховар" бо такя ба арзёбии нархҳо дар 8 бозори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, мушоҳидаи нархҳо муайян намудааст, ки арзиши орд, равған ва шакар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта поён рафтааст.
Таъкид шудааст, ки ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе ҳудуди 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта 3% арзонтар аст. Дар аксари бозорҳои ноҳияҳо нархи як кило орд каме беш аз 6 сомонӣ аст, афзуд манбаъ.
"Нархи 5 литр равған, ки чанд ҳафта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поён рафтааст. Сабаби коҳиш ёфтани нархҳо мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулоти ғизоӣ арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки барои таъмини ниёзи мардум ва арзонию фаровонӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ баргузор кунанд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳтимоли камбуди ғизо ҳушдор дод. Ӯ гуфт, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам боиси хатари гуруснагӣ дар бархе аз кишварҳо мегардад.
Вай дигарбора шаҳрвандонро ба захираи дусолаи ғизо даъват намуда, афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ масъалаи мазкурро назорат кунанд.